Хоҷаи Мирзода (тарҷима ва хулоса)Хулосаи баррасии бахши таҳқиқотии маҷаллаи британиявии "Экономист"
Дар ибтидои гузориши солонаи бахши таҳқиқотии маҷаллаи британиявии "Экономист" дурнамои сиёсии Тоҷикистон барои соли оянда ва таъсири эҳтимолии он ба вазъи иқтисодии кишвар баҳс шудааст. Муаллифон бар ин ақидаанд, ки шояд силоҳбадастони Ҷумбиши Исломии Узбакистон дар давоми соли оянда ҳам қаламрави Узбакистону Қирғизистонро ноором сохта, дар равобити кишварҳои ёдшуда бо Тоҷикистон ташаннуҷ эҷод намоянд.
Коршиносони "Экономист" мегӯянд, ки ин шӯришҳо ба бозии мушу гурба шабоҳат хоҳанд дошт, вале аз эҳтимол дур нест, ки дар ин сурат Узбакистон бо баҳонаи маҳви силоҳбадастони узбак дар қаламрави Тоҷикистон амалиёти низомӣ пиёда кунад, ки ҳадафи аслии он таъкиди нуфузи Узбакистон болои Тоҷикистон аст.
Ҳамзамон коршиносони маҷаллаи британиявӣ ба идомаи нооромӣ дар марзҳои ҷанубии Тоҷикистон ишора мекунанд. Ба гуфти онҳо хоҳу нохоҳ бархӯрдҳо миёни неруҳои Толибон ва мухолифини онҳо ба вазъи сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон таъсир мегузорад.
Маҷаллаи "Экономист" таъкид мекунад, ки соли оянда Тоҷикистон бо кадом хатаре аз хориҷ ва ё дохил мувоҷеҳ нахоҳад шуд, зеро ҳузури неруҳои мусаллаҳи Русия режими президент Эмомалӣ Раҳмоновро ҳамаҷониба таҳким мебахшад.
Дар сиёсати иқтисодӣ шореҳони британиявӣ ба хусусигардонии корхонаҳои миёна ва бузург ишора мекунанд, ки барои пешбурди ислоҳот ва идомаи афзоиши иқтисодӣ ниҳоят зарур аст. Ҳукумати Тоҷикистон хусусигардонии муассисаҳои хурдро ба поён расонид. Дар гузориш таъкид шудааст, ки ҳангоми хусусигардонии муассисаҳои хурд музоядаҳои начандон возеҳу ошкор ҷо доштанд. Аз ин рӯ бахши бузурги онҳо бе сару садои зиёд хуҷаини нав пайдо карданд.
Соли гузашта қонун ва ё ба истилоҳ Кодекси андоз тағйир ёфт. Аввалан андоз аз арзиши илова ҷорӣ гардид ва сониян дар соли 2001-ум андоз аз фурӯши пахтаву алюминий аз 20 то ба 15 фоиз коҳиш дода шуд.
Пешбинӣ мешавад, ки соли 2001 афзоиши иқтисодии Иттиҳоди Кишварҳои Муштаракулманофеъ: бозори асосии маҳсулоти Тоҷикистон назар ба соли пеш сусттар хоҳад буд, ва он 4,1 дар садро ташкил медиҳад. Соли гузашта афзоиши иқтисодии Иттиҳод ба 7, 6 фоиз баробар буд. Ба қавли муаллифони гузориш рафъи хасороти бӯҳрони молии соли 1998и Русия ва беҳбуди фазои иқтисодии ҷаҳон дар соли 2000 боиси афзоиши баланди иқтисоди минтақа гардид. Аммо соли оянда пастравии нархи сӯзишворӣ ва тағйироти сохторӣ дар баъзе кишварҳои муштаракулманофеъ суръати афзоиши иқтисодии Итттиҳодро сусттар хоҳанд кард.
Таҳлилгарони маҷаллаи "Экономист" мегӯянд, ки сустшавии саросарии суръати тараққии иқтисодӣ дар мавриди Тоҷикистон натиҷаҳои мухталиф меорад. Тахминан 13 дар сад баланд шудани нархи пахта дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар соли 2001-ум даромади Тоҷикистонро афзоиш медиҳад, вале тақрибан 18 дар сад боло рафтани нархи ғалладона эҳтимол хароҷоти ин кишварро бештар кунад. Ҳамзамон шореҳон таъкид мекунанд, ки нархи алюминий дар соли равон бетағйир мемонад ва аз ин рӯ афзоиши истеҳсоли он дар корхонаи алюминий Тоҷикистон адромади ин кишварро каме афзоиш хоҳад дод.
Ба фикри муаллифони гузориш таваррум ва ё инфляция дар нимаи аввали соли 2001 каме баландтар хоҳад буд, зеро аввалан нархи энергия аз меъёр боло хоҳад буд ва сониян аз моҳи апрели соли 2001 маоши ходимони соҳаи буҷҷетӣ 40 фоиз зиёд мешавад. Ҳамзамон "Экономист" пешбинӣ мекунад, ки то охири соли 2001 қурби табодули доллар аз ду сомониву шаст дирам дар муқобили як доллари ИМА зиёдтар нахоҳад буд.
Дар идомаи гузориш мехонем: Ҳукумати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли 2001 барои сохтмони тунели Анзоб ва неругоҳи барқии обии Сангтуда 19 миллион доллар сармоягузорӣ намояд. Аммо ин маблағҳо барои такмили сохтмонҳо кофӣ нестанд ва ҳукумат дар пайи дарёфти сармоягузорони хориҷӣ мебошад. Ба гуфти вазири нақлиёти Тоҷикистон агар ҷумҳурӣ ҳар сол барои бунёди тунели Анзоб ҳадди ақалл 40 миллион долларӣ пайдо кунад, ин сохтмон дар панҷ сол ба анҷом хоҳад расид.
Тавлиди нохолиси миллии Тоҷикистон дар соли 2000- ум 8, 3 дар сад афзоиш ёфт. Ин бузургтарин афзоиш аз соли 1990 ба ин тараф аст. истеҳсоли саноатӣ 10, 3 фоиз зиёд шуду истеҳсоли маводи истеъмолӣ 2, 2 фоиз кам шуд. Ба қавли шореҳони "Экономист" афзоиши соҳаи истеҳсолоти саноатӣ асосан ба шарофати 30 дар сад зиёд шудани маҳсули корхонаи алюминий Тоҷикистон ба даст омад. Харидори асосии алюминийи Тоҷикистон Ҳоланд, Русия ва Туркия нмобар шудаанд. Тибқи омори расмии Тоҷикистон афзоиш сектори кишоварзӣ дар соли 200- ум 12, 4 фоизро ташкил дод. Аммо шореҳони "Экономист" бо дар назар дошти хушксолии порсола ин рақамҳоро зери шубҳа қарор додаанд.
Дар идомаи гузориш омадааст: Дар охири моҳи октябри соли 2000-ум Тоҷикистон пули милли нав сомониро ба муомилот дарвард. Як сомонӣ ба як ҳазор рубли тоҷикӣ табодул мешуд. Барои баланд бардоштани эътибори пули нави миллӣ вазорати молия кӯшиш зиёд ба харҷ дод ва то ба ҳадде муваффақ ҳам шуд. Дар гузориш тахмин мешавад, ки соли 2001 истеҳсоли тилло низ дар Тоҷикистон афзоиш меёбад.
Бахши ба фикри шореҳони "Экономист" аз ҳама ташвишовар қарзи хориҷии Тоҷикистон аст. Он тибқи гузоришҳои музхталиф дар атрофи як миллиард доллар давр мезанад.