Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон рӯйдодҳои фоҷиавии Туркободро маҳкум кард


Холидаи Қодир

Раҳбарияти Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон аз мақомоти ҳифзи қонун ва тартиботи Тоҷикистон даъват намуд, ки масъулони ин рӯйдодҳо боздошт ва муҷозот шаванд.



Раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи душанбе қатли се кӯдак ва захмӣ шудани панҷ кӯдаки дигарро дар деҳкадаи Туркободи ноҳияи Кофарниҳон ва ҳам кушта шудани се корманди милисаро дар ин ноҳия шадидан маҳкум кард. Дар изҳорот гуфта мешавад, ки созмондиҳандагони ин фоҷиаҳо онҳое ҳастанд, ки дар таҳкими сулҳи Тоҷикистон манфиатдор нестанд. Дар бораи ин баёния хабаргузории Азия Плюс иттилоъ додааст. Шоми 25уми апрел афроди номаълум ба ҷойи бозии кӯдакон норинҷаки дастӣ партофт, ки дар асари таркиши он се кӯдаки хурдсол ба ҳалокат расида, панҷ хурдсоли синни мактабӣ маҷрӯҳ шуданд.