Таъсиси нирӯи зудамал дар Осиёи Марказӣ


Соҷидаи Мирзо

Чаҳор кишвари Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мегӯянд, ки барои таъсиси як нирӯи зудамал дар Осиёи Марказӣ омодаанд.

Чаҳор кишвари Руссия, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон мегӯянд, ки барои таъсиси як нирӯи зудамал дар Осиёи Марказӣ омодаанд. Валерий Николаенко дабири кулли Шӯрои амнияти кишварҳои узви созишномаи амнияти дастҷамъи гуфт, вазифаи нирӯи зудамал мубориза бар зидди тероризм аст. Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбакистон соли гузашта аз сисилаи ҳуҷуми гурӯҳҳои исломӣ, ки аз ҷониби толибони афғон пуштибонӣ меёбанд, осеб дидаанд. Ба гуфтаи Валерий Николаенко ҷузъёти ин барнома дар мулоқоти сарони кишварҳо барраси хоҳад шуд, ки моҳи май дар Ереван баргузор мегардад.