Дигаргуниҳои нав дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон


Мирзои Салимпур

Бо фармони президент Э. Раҳмонов вазири кишоварзии Тоҷикистон, муовинони вазоратҳои кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, кумитаи омор, райиси ҳукумати шаҳри Норак аз мақомашон барканор шуданд.





Якуми март бо фармони президент Раҳмонов вазири кишоварзии Тоҷикистон Шодӣ Кабиров аз мақомаш барканор шуда, собиқ раиси ноҳияи Шаҳристон Турсун Раҳматов вазири нави кишоварзии Тоҷикистон таъйин гардид. Ба маълумоти дастгоҳи раиси ҷумҳур Шодӣ Кабиров муовини раиси вилояти Хатлон таъйин шуд. Бо фармони райиси ҷумҳур инчунин ҳамаи муовинони вазоратҳои кишоварзӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолӣ, кумитаи омор иваз карда шуданд. Райиси шаҳри Норак Турсунмурод Самадов аз вазифа барканор шуда, ба ҷойи ӯ Шодй Раҳимов ба ин мақом муқаррар гардид. Гуфта мешавад, ҳамаи ин тағйирот дар чаҳорчӯби ислоҳоти сохтории дастгоҳи идории Тоҷикистон, ки аз тирамоҳи соли 2000 сар шудааст, ба амал омадаанд.