Гузориши Департаменти Давлатии ИМА дар бораи вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон (хулоса)


Департаменти Давлатии ИМА

Хулосаи бахшҳои асосии гузориши Департаменти Давлатии Амрико дар бораи вазъи ҳуқуқи башари Тоҷикистон, аз ҷумла вазъи амниятӣ, озодии матбуот, озодии виҷдон, ҳуқуқҳои сиёсӣ, хушунат алайҳи занон, вазъи маҳбасҳои Тоҷикистон ва муносибат бо маҳбусон дар ин кишвар



Дар гузориши Департаменти Давлатии Амрико омадааст, баъзе намояндагони нируҳои кишвар кушторҳои бидуни мурофиъаро анҷом доданд, ки муаян намудани теъдоди чунин қатлҳо ва мушаххас кардани масъулони онҳо мушкил аст. Ба навиштаи Департаменти Давлатӣ бархе аз ин кушторҳоро чиноҳҳои рақиб дар ҳукумат содир кардаанд, ки сабабҳои сиёсию иқтисодӣ доранд. Дар давоми соли гузашта як катор мақомоти маҳаллӣ, соҳибкорон ва мутхасисон ба қатл расиданд. Собиқ муовини раиси вазорати Амнияти Тоҷикистон Шамсулло Ҷобиров дар як суиқаст ба ҷони мири шаҳри Душанбе Маҳмадсид Убайдуллоев моҳи феврал ва раиси ноҳияи Ғарм, собиқ фармондеҳи оппозитсиюн Сергей Давлатов моҳи май кушта шуданд. Раиси кумитаи Садо ва Симои Тоҷикистон Сайф Раҳимов дар моҳи май, хабарнигори бунгоҳи хабарии "Ховар" Александр Алпатов моҳи сентябр ба қатл расиданд. Ҳамчунин якчанд ашхоси шинохта дар сабқати байни гуруҳҳои ниманизомӣ аз байн бурда шуданд. Барои намуна бародари Мулло Абдулло, собиқ фармондеҳи оппозитсиюн дар водии Қаротегин дар робита ба куштори Сергей Давлатов кушта шуд. Дар аксар ҳолатҳо гумонбаршудаҳо номаълум боқӣ мондаанд. Салоҳияти пажуҳишгарон ва истиқлолияти онҳо аз дахолати мақомот зери суол аст. Дар мавриди пажуҳиши парвандаи куштори Толиб Бобоев, узви ҳизби Ваҳдати Миллӣ, соли 1999 ва сухангуи вазорати дохилии Тоҷикистон Ҷумъахон Ҳотамӣ низ ҳеҷ иттилоъе мавҷуд нест. Моҳи октябри соли 2000 аз таркиши бомба дар маъбади протестантӣ 7 нафар кушта ба теъдоди зиёд захмӣ шуданд. Дар бораи масъулони ин ҷиноят ва ё ошкор намудани гурӯҳҳои марбут ба он иттилоъе пахш нашуд. Ба гуфтаи Департаменти Давлатии Амрико ҳукумат ва оппозитсиюн дар ҷараёни ҷанги шаҳрвандӣ заминҳоро майнкорӣ кардаанд. Аз таркиши ин майнҳо эҳтимолан шаҳрвандони осоишта ҳалок шудаанд. Гузориш меафзояд аз майнкории марзи Узбакистону Тоҷикистон ҳадди ақал 21 шаҳрванди мулкӣ кушта шуд:

Зиндонҳои Тоҷикистон

Гуфта мешавад, ки теъдоди маҳбусон аз ғунҷоиши зиндонҳо бештар аст. Зиндониён дар вазъи бади беҳдошт, бо ғизои нокофӣ ва шароити барои зиндагӣ хатарнок ба сар мебаранд. Ин муассисаҳо тавони таъмини молии худро, ки то соли 1992 мавҷуд буд, аз даст доданд. Департаменти Давлатии Амрико менависад, ки баъзе зиндониён аз гуруснагӣ мемиранд ва наздикони зиндониён танҳо баъди эълони ҳукми додгоҳ ҳақ доранд бо онҳо мулоқот кунанд. Дар гузориши Департаменти Давлатии Амрико роҷеъ ба шиканҷаи зиндониён ва муносибати бад бо онҳо сухан меравад:

Қонун дар Тоҷикистон шиканҷаро манъ мекунад. Аммо ҳукумат амалан аз он истифода мебарад. Кормандони амниятӣ махсусан маъмурини Вазорати Умури Дохилӣ афроди боздоштшударо лату кӯб мекунанд. Ва барои гирифтани эътироф ба шиканҷаи онҳо даст мезананд. Аммо баръакси соли гузашта ягон гузориш дар бораи лату кӯби аъзои гурӯҳҳои оппозитсиюн ва ё хонаводаҳояшон нашр нашудааст. Масъуният дар мамлакат ҳанӯз ҳам мушкили бузург мебошад. Ва ҳукумат як шумори маҳдуди касонеро, ки дар поймол намудани масъунияти афрод даст доштаанд, ба ҷазо гирифтор кардааст. Ҳукумат тасдиқ мекунад, ки қувваи амниятӣ тавассути аносури ҷинояткор ба фасод олуда шудааст. Ва аксар шаҳрвандон дар сурати фишору шиканҷа хомушӣ ихтиёр мекунанд. То ба вокуниши кормандони милитсия рӯ ба рӯ нашаванд. Дар сарҳадоти ҷанубии кишвар бисёр марзбонон дар қочоқи маводи мухаддир даст доранд. Ва аҳолии ин манотиқ ба маротиб дар бораи фишор ва поймол гардидани ҳуқуқи башар тавассути ин афрод шикоят намуданд. Баъзе аз муҳоҷирини афғонии муқими Тоҷикистон баъзан бидуни дарназардошти мақоми иҷтимоӣ ва робитаҳои расмии онҳо тавассути нируҳои ҳифзи тартибот бо мушкил ру ба ру шуда, аъмоли ғайри шоиста алайҳи онҳо пеш бурда мешавад. Ба таври мисол як корманди ҳукумати коммунистии собиқи Афғонистон иддао намуд, ки афсарони Вазорати Умури Дохилии Тоҷикистон уро лату кӯб намуданд. Зеро у дар як гузориши қаблие, ки дар хориҷ нашр шуда буд, дар ин бора шикоят намуд. Журналистон умуман тавассути нируҳои ҳифзи тартибот ва ё ҳадди ақал касоне, ки либоси низомӣ ба тан дошта, худро иҷрокунандаи қонун муаррифӣ мекунанд, лату кӯб мешаванд. Маркази Рузноманигорони дар Ҳолатҳои Фавкуллода хабар дод, ки моҳи августи гузашта, ниманизомиён як хабарнигори рӯзномаи расмии Тоҷикистон "Ҷумҳурият"-ро дар шаҳри Душанбе ба зӯр дар мошин ҷо дода, шадидан лату кӯб карданд, ки дар натиҷа ӯ осеби мағзӣ дида, як гӯши вай шунавоиро аз даст дод. Якчанд ҳодисаи тирандозӣ, бомбагузорӣ ва ҳуҷумҳои террористӣ низ сурат гирифт, ки ба ҷароҳат ва хисороти молӣ сабаб шуданд. Дар инфиҷори як автобус дар шаҳри Душанбе, моҳи феврали соли гузашта чандин нафар маҷруҳ шуданд. Ҳамин тавр дар моҳи феврал шаҳрдори шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва ронанда ва посбони ӯ дар як суиқасд захмӣ шуданд. Як нафари дигар дар мошини вай ҳалок гардид. Назми иҷтимоӣ, ки дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ барҳам хурд, ҳануз комилан барқарор нашудаст ва масъунияти афроди мусаллаҳ аз ҷавобгуӣ монеъи густариши назми қонунӣ дар ҷумҳурӣ гардидааст. Аз нигоҳи қонунӣ пулис метавонад як нафарро бидуни маҳкама то 72 соат ва идораи додситонӣ то 10 рӯз нигаҳ доранд. Ва то ин муддат айбдоршаванда бояд иттиҳомро ба даст орад. Аммо дар ҳоли ҳозир қонуни ҷиноӣ ҳақ медиҳад, ки як нафар то 15 моҳ дар боздошт бошад. Барои боздошт ҳам ягон ҳукми додгоҳ ва маҳкамаи ибтидоӣ зарур нест. Дар масъалаҳои ҷиноӣ, боздоштшудагон метавонанд озод гарданд. Вале қабл аз додгоҳ набояд маҳалли зисти хешро тарк намоянд. Замоне, ки як парванда ташкил гардид, дар зарфи 28 руз додгустар бояд онро баррасӣ намояд. Аммо таъхири баррасии ҳуҷҷатҳо хело зиёд аст ва баъзан моҳҳоро дар бар мегирад, то як парванда тавассути додгоҳ мулоҳиза шавад. Ҳеҷ асосе барои замонат вуҷуд надорад ва боздошти қабл аз маҳкама мушкили калон ба бор меорад. Вазъи зиндонҳо дар ҷумҳурӣ бисёр бад аст. Ва ҳатто ба ҳадди ақали сатҳи байналмилалӣ созгор нест. Барномаҳои сиҳӣ дар онҳо вуҷуд надоранд. Ва бемориҳои сирояткунанда хеле зиёд аст. Аъзои хонаводаи маҳбусон танҳо баъди ҳукми додгоҳ метавонанд аз маҳкум дидан кунанд. Ба таври мисол дар робита ба амали кувваҳои ҳукуматӣ дар ҷараёни қиёми маҳбусон дар зиндони Хуҷанд, соли 1997, ки 26 маҳбус дар он кушта шуд, кадом таҳқиқоти дақиқ пеш бурда нашуд. Ҳукумат ба нозирони байналмилалии ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳайъати Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо иҷоза дод, ки аз баъзе зиндонҳо дидан намояд. Ва созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо баён кард, ки шароити ин зиндонҳо ғайрибашарӣ мебошанд. Аммо ҳукумат ба Кумитаи Салиби Сурхи Байналмилалӣ иҷоза надод, ки тафтиши худро дар ҳабсхонаҳо ба шакле, ки дар ҷомеъаи байналмилалӣ роиҷ аст, пеш барад. Теъдоди маҳбусони сиёсӣ дар Тоҷикистон маълум нест, зеро ҳукумат ба созмонҳои байналмилалӣ иҷоза намедиҳад, ки аз зиндонҳо дидан намоянд. Ҳар як тахмин дар ин бора ғайри аниқ хоҳад буд. Дар моҳи декабри соли 1999 ҳукумат эълон кард, ки 5 ҳазор муборизи собиқ иттиҳоди оппозитсиюни исломии Тоҷикистонро афв намуд. Аммо бо вуҷуди ин фармон боз ҳам сарбозони собиқи оппозитсиюн дар Бадахшон боздошт шуданд. Нирӯҳои марзбонӣ гоҳу ногоҳ аъзои хонаводаи сарбозони фирориро гаравгон мегиранд. Ва то кунун кадом қонуне барои таъини шароити табъид ташкил нашудаст. Дар робита ба табъиди маҷбурӣ, гарчи кадом гузорише нашр нашудааст, аммо як теъдоди мухолифини ҳукумат худ ба муҳоҷират даст заданд.

Қонунҳо ва адлия

Қонуни Асосии Тоҷикистон истиқлолияти сохтори додгоҳиро таъмин ва қонун дахолат ба фаъолияти додгустарҳоро манъ мекунад. Аммо Департаменти Давлатӣ менависад дар амал додгоҳҳои Тоҷикистон истиқлолият надоранд. Онҳо пайваста дар зери фишори сиёсӣ ва низомӣ қарор мегиранд:

Қонуни асосии соли 1994 мегӯяд, ки раисони додгоҳ мустақиланд, фақат тобеи конститутсия ва қонун ҳастанд ва касе наметавонад ба фаъолияти онҳо мудохила кунад. Аммо дар амал роҳбарияти сиёсӣ ва дар бисёри ҳолатҳо гурӯҳҳои силоҳбадаст ба кору фаъолияти кормандони адлия ва додгоҳҳо дар тамоми сатҳҳо дахолат мекунанд. Тибқи қонуни асосӣ, президент ҳақ дорад ба шарти тасдиқи порлумон раисони додгоҳҳо ва додситонҳоро таъйин карда аз кор сабукдуш кунад. Раисони додгоҳҳои маҳал, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ аксаран таълиму омӯзиши кофӣ надоранд ва тарзи кори адлияи мустақилро дарк намекунанд. Порахӯрӣ дар байни раисони додгоҳ ва прокурорҳо зоҳиран вусъат ёфтааст. Бар хилофи он чӣ, ки қонуни асосӣ мегӯяд, ба касоне, ки боздошт мешаванд иҷозат дода намешавад, ки бидуни таъхир ва ё ҳатто усулан ба адвокат ва ё вакили мудофеъ дастрасӣ ёбанд ва бар хилофи асли бегуноҳ будани айбдоршаванда то исботи иттиҳом бо касоне, ки ба маҳкама кашида мешаванд усулан ҳамчун ҷинояткор рафтор мешавад. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар робита бо маҳкамаи Дилфуза Нуъмоноваи 21 сола, ки муттаҳам ба қатли марде шуда буд, ки ба ӯ таҷовузи номусӣ карда буд, гузориш дод, ки далелҳои додситонӣ бар зиддӣ айбдоршаванда нокофӣ буданд. Вакилони айбдоршаванда имкони тамос бо айбдоршавандаро надоштанд ва оилаи аз назари сиёсӣ бонуфузи мақтул дар робита бо парвандаи ҷиноӣ ба кормандони масъули додгоҳ фишор оварданд. Нуъмонова ба марг маҳкум шуд, аммо бар асари муроҷиатҳои байналмилалӣ ба Президент Раҳмонов, додгоҳ ҳукми қатлро ба 16 сол ҳабс табдил кард. Сарнавишти Баҳром Содиров, ки дар соли 1997 бо иттиҳоми гаравгонгирии вазири амният, 5 ходими Созмони Милал ва 11 нафари дигар боздошт шуд, номаълум боқӣ мемонад. Маҳкамаи Содиров, ки нозирон ба он роҳ дода нашуданд, дар авохири соли 1997 ба таъхир андохта шуд ва ҳанӯз ҳам баргузор нашудааст. Бар хилофи соли 1999, дар соли 2000-ум дар бораи вуҷуд доштани маҳбусони сиёсӣ иддаое матраҳ нашуд. Ҳукумат ва Иттиҳоди Нерӯҳои Оппозитсюн тибқи қарордоди соли 1997 чандин асирони ҷанг ва маҳбусони сиёсиро мубодила карданд. То ноябри соли 1999 ҳукумат тамоми касонеро, ки Иттиҳоди Оппозитсюн дар рӯйхатҳои худ ба ҳукумат пешниҳод карда буд, аз маҳбас озод кард. Танҳо 6 нафар истисно буданд, ки ҳукумат мегуфт, аз онҳо иттилое надорад. Оилаҳои он 6 нафар дар бозёфти хешони худ номуваффақ буданд. Ҳамчунин ҳукумат ҳам қабул кард, ки Иттиҳоди Оппозитсюн тамоми маҳбусони ҳукуматиро озод кардааст.

Озодии баён ва озодиҳои шаҳрвандӣ

Дар бахши озодии баён ва озодиҳои шаҳрвандӣ низ Департаменти Давлатии Амрико Тоҷикистонро интиқод кардааст. Гуфта мешавад, ки Қонуни Асосии Тоҷикистон озодии шаҳрвандон, озодии баён ва матбуотро дар кишвар кафолат медиҳад аммо ба гуфтаи гузориши Департаменти Давлатӣ матбуоти Тоҷикистон ва махсусан расонаҳои электронӣ, яъне радио ва телевизион аз ҷониби ҳукумат назорат мешаванд ва хабарнигорон гоҳо ба истилоҳ "машварти дустона" мегиранд, ки ба мавзуъои хатарнок даст назананд:

Конститутсияи Тоҷикистон озодии сухан ва матбуотро таъмин мекунад, вале дар амал ҳукумат ин ҳақро маҳдуд кардааст. Рӯзноманигорону шаҳрвандоне, ки бо сиёсати давлат розӣ нестанд, имкони кофии озодона иброз намудани назари худро надоранд. Ҳукумат баъзан рӯирост бо роҳҳои қонунӣ ва баъзан ғайримустақим бо истифода аз механизми ба истилоҳ "машварати дӯстона" ба хабарнигорон дастур медиҳанд, ки кадом ҳодисаҳо мавриди арзёбӣ қарор нагиранд. Ҳамзамон матбааҳо ва таҷҳизоти пахш дар зери контроли ҳукумат мебошанд. Муҳаррирону рӯзноманигорон аз хавфи таъқиб худро цензура мекунанд. Шумораи нашрияҳои мустақил рӯ ба афзоиш аст, вале аксари онҳо аз баррасии мавзӯъҳои ҷиддӣ худдорӣ меварзанд. Вақте ки рӯзномаи "Наҷот"- нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломӣ нашри гузориши хориҷии танқидомез оиди вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро шурӯъ намуд, ҳукумат ба муддате чопи ин рӯзномаро дар матбааҳои давлатӣ манъ кард. Рӯзноманигорон дар ҳолатҳои зиёд мавриди фишор ва лату кӯб қарор мегиранд. Баъзан ходимони давлатӣ масъули ин гуна аъмол мебошанд. Дар моҳи август тибқи гузориши Маркази Рӯзноманигорони дар Ҳолатҳои Фавқулодда гурӯҳи ходимони милиса мухбири рӯзномаи "Ҷумҳурият"-ро латту кӯб карданд. Дар Тоҷикистон як шабакаи давлатии телевизион мавҷуд аст, ки ҳамроҳ бо шӯъбаҳои маҳаллии он рӯйдодҳои минтақаву ҷумҳуриро аз нуқтаи назари расмӣ инъикос мекунад. Ба навиштаи Департаменти Давлатии ИМА ба истиснои баҳсҳои сиёсии моҳҳои январ ва июн, ки аз тарафи Бунёди Байналмилалии Системаҳои Интихоботӣ ташкил шуда, дар он ду ҳизби мухолифин иштирок доштанд, дигар мухолифин имкони кофӣ барои ибрози ақида дар телевизион надоштанд. Аз 36 маркази ғайридавлатии телевизионӣ аксарият фақат гоҳ-гоҳ зуҳур намуда, аслан кам ан дар ками онҳоро метавон мустақил номид. Барои гирифтани иҷозати пахши барномаҳо телевизионҳои хусусӣ бояд ба Вазорати Фарҳанг ва Кумитаи Давлатии Радиову Телевизион муроҷиат кунанд. Дар ҳар як марҳилаи ин раванди бюрократӣ расмӣ ва ғайрирасмӣ пули зиёд тақозо мешавад. Ҳукумат бо ҳар баҳона ба радиоҳои мустақил имкони фаъолият намедиҳад. Интернет аз сабаби нархи баланди истифода барои аксари мардум дастрас нест. Ба монанди озодии сухан ва матбуот Конституцияи Тоҷикистон ҷамъомадҳо ва иттиҳодияҳои осоиштаро иҷозат медиҳад, вале дар амал ҳукумат ин ҳақро маҳдуд кардааст. Вазорати Адлия ҳангоми сабти номи созмонҳову иттиҳодияҳо талаб мекунад, ки ҳуҷҷатҳои он бо ду забон: тоҷикиву русӣ пешниҳод шаванд. Ҷараёни сабти ном ҳам, одатан, зиёд тӯл мекашад. Феълан ҳукумати Тоҷикистон панҷ ҳизб ва панҷ ҷумбишро расман ба қайд гирифта, се ҳизбро бастааст. Соли гузашта ҳодисаҳое ҷо доштанд, ки раҳбарони ҳизбҳои мухолифи ҳукумат дар ҷои корӣ мавриди фишор қарор гирифта буданд. Дар ҳолатҳои дигар баръакс мардумро маҷбур мекарданд, ки ба ҳизби ҳукмрон: Ҳизби Халқӣ-Демократӣ шомил гарданд.

Эҳтироми ҳуқуқҳои сиёсӣ: ҳуқуқи шаҳрвандон ба иваз намудани ҳукумати худ

Дар бахши эҳтироми Қонуни Асосии Тоҷикистон, дар заминаи ҳаққи таъғири ҳукумат ва парлумон тавассути интихобот Департаменти Давлатии Амрико ба камбудиҳои зиёд ишора мекунад ва мегуяд, ки интихоботи президентӣ ва парлумонии соли 1999 озод ва одилона набуд:

Қонуни асосии Тоҷикистон ба шаҳрвандон ҳуқуқ медиҳад, ки аз тариқи интихоботи осойишта ва озодона президенти худ ва аъзои маҷлиси кишварро иваз кунанд, аммо дар амал ҳукумат ин ҳуқуқи мардумро таҳти назорати шадид гирифтааст. Ҳарчанд дар интихоботи парламент, дар моҳи феврали соли 2000-ум баъзе беҳбуд ба назар расид, интихоботи президентии соли 1999 ба таври ҷиддӣ доғдор мебошад. Дар ҳоле ки кишвар дар ҷодаи гузариш аз сохти сиёсии шӯравӣ ба низоми бозтар ва рақобатпазиртар пешрафт кардааст, ҳукумат таҳти нуфузи президент Раҳмонов ва дойираи маҳдуди наздиконаш аз минтақаи Кӯлоб боқӣ мемонад. Интихоботи президентӣ барои таҳкими ҳамин ҳолат истифода шуда, озод ва одилона набуд ва аз марҳилаи номнависии расмӣ сар карда, барои номзадҳо мушкилоти зиёде сохта мешуд. Онҳо маҷбур ба ин буданд, ки дар муддати хеле кӯтоҳ шумори зиёди имзои тарафдорони худро ҷамъ оваранд. Танҳо президент Раҳмонов, ки дастгоҳи сиёсии мамлакатро ба манфиати хеш истифода бурд, тавонист дар муддати таъйиншуда шумораи зарурии имзоҳоро гирдоварӣ кунад. Номзадҳои эҳтимолии оппозитсюн аз мамониати амалдорони маҳаллӣ ва тарафдори ҳукумат дар ҷамъоварии имзо шикоят карданд. Ҳамагӣ чанд рӯз пеш аз рӯзи овоздиҳӣ Додгоҳи Олӣ ба яке аз се номзади алтернативӣ, вазири иқтисодиёт ва равобити иқтисодии беруна Давлат Усмон, аз Наҳзати исломии Тоҷикистон, иҷозат дод, сабти ном шавад. Бо вуҷуди он ки Давлат Усмон бо талаби номнавис шудани ду номзади дигар интихоботро бойкот эълон кард, Кумисюни Марказии Интихоботӣ номи ӯро ба варақаи рой ворид намуд. Давлат Усмон 7-уми ноябр, дар нишасти матбуотӣ дар шаҳри Душанбе, гуфт, ҳамагӣ 20 то 30 дарсади интихобкунандагон дар овоздиҳӣ ширкат карданд ва интихобот ғайри қонун мебошад. Президент Раҳмонов аз монополияи ҳақиқӣ бар расонаҳои хабарӣ истифода карда, дар қитъаҳои овоздиҳӣ қонуншиканиҳои ошкоро ҷараён доштанд, ба монанди овоздиҳии чандбораи тарафдорони Раҳмонов. Ҳукумат эълом дошт, ки 98 дарсади интихобкунандагон дар овоздиҳӣ иштирок намуда, 96 дарсади онҳо аз номзадии Раҳмонов пуштибюонӣ кард. Ин изҳорот шубҳаовар номида шуд. Ҳайъати муштараки нозирони интихобот аз Созмони Милал ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо интихоботи парламентии 27-уми февралро дар муқоиса бо интихоботҳои гузашта қадаме ба пеш номида бошанд ҳам, хулосаи куллии онҳо ин буд, ки ҷараёни он ба камтарин меъёрҳои баробарӣ, адолат, озодӣ, махфӣ будани овоздиҳӣ ва шаффофияту рӯшании интихобот ҷавоб дода натавонист. Омодагӣ ба интихобот бо қонуншиканиҳо сурат гирифта, дахолати сохторҳои давлат ба овоздиҳӣ ва номустақилии кумисюнҳои интихоботӣ аз ҷиддитарин камбудиҳои интихобот номида шуданд. Ҳайъати якҷояи нозирон аз Милали Муттаҳид ва Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо қайд карданд, ки дар интихобот овоздиҳии як кас ба ҷойи чанд кас, мӯҳру баста набудани қуттиҳои рой, гум шудани варқаҳо ва ё номутобиқатии миқдори онҳо бо миқдори ҷамъбастии овозҳо, ширкати якҷонибаи телевизион ва матбуоти давлатӣ дар таблиғот, мумониат аз сабти номи номзадҳо ва ё қасдан лағв кардани сабти ном ва дигар камбудиҳои ҷиддии монанди ин ба амал омаданд. Ҳамин тариқ дар интихоботи парламентӣ ҳизби ҳокими Халқию Демократӣ бартарии пурра ба даст овард. Президент Раҳмонов ин ҳизбро сахт мутамарказ гардондааст ва ҳоло он парламентро назорат мекунад. Ин ҳолат, тибқи Гузориши солонаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, камбуди фарҳанги демократиро дар Тоҷикистон нишон дода, ба номустақилии шохаи қонунгузори қудрат аз бахши иҷроия сабаб гардид. Дар Тоҷикистон ба иштироки занон дар раванди интихобот монеаи расмӣ вуҷуд надорад, вале намояндагии онҳо дар ҳукумат ва сиёсат хеле маҳдуд мебошад. Баъди барҳам хӯрдани квотаи занон, ки қонуни замони шӯравӣ муайян мекард, шумораи вакилони зан дар парламент коҳиш ёфт. Аз 365 номзад танҳо 17-тояшон занон буданд ва аз ин 17 танҳо панҷ нафар интихоб гардиданд. Дар ҳайъати ҳукумат танҳо ду вазири зан мавҷуд аст. Ва дар ҳоле ки ӯзбакҳо қариб 25 дарсади аҳолиро ташкил медиҳанд, намояндагии онҳо дар шабакаи сиёсӣ камтар аз ин сатҳ мебошад. Хушунат алайҳи занон Хушунат алайҳи занон дар ҳамаи қишри ҷомеъаи Тоҷикистон ҳам дар шаҳр ва ҳам дар деҳот густариш дорад. Лату куби занон дар аксар ҳолатҳо бозҷуӣ намешавад. Адами хоҳиши баррасии ин мавзуъ ё кумак ба занҳо дар ҷилавгири аз таҳқири онҳо дар ҳама сатҳ ба назар мерасад. Дар идомаи ин рабуда шудани духтарони ҷавон, таҷовуз ва ё ба никоҳи маҷбурӣ даровардани онҳо низ ҳануз вуҷуд дорад. Тибқи қонуни ҷиноӣ таҷовуз муҷозот дорад. Аммо аксари чунин ҳодисаҳо пинҳон мемонанд ва ин раванд махсусан дар шаҳрҳо бештар ба назар мерасад. Ва пулиси махусусе низ вуҷуд надорад, ки чунин парвандаҳоро пажуҳиш кунад. Занҳо махусусан шабона имкони ҳаракат надоранд. Дар робита ба он ки ҳамасола чӣ теъдоде бо ҷурми таҷовуз боздошт ва муҷозот мешаванд, маълумоти дақиқ мавҷуд нест. Қонуни Тоҷикистон бандеро бораи қочоқи ашхос пешбинӣ намекунад. Тибқи қонун истисмори афрод барои шаҳват манъ аст. Дар бораи қочоқи занон гузоришҳои боварибахше вуҷуд доранд, ки ин занҳо ба кишварҳои Халиҷи Форс, Туркия ва Русия интиқол меёбанд. Созмони Амният ва Ҳамкории Аврпуо як чанд ҳодисаи интиқоли занонро ба хориҷи кишвар сабт кардааст. Созмони байналмилаии муҳоҷират тасмим дорад ки ин масъалро пурра мавриди омузиш қарор диҳад. Шаҳодати ба ин бизнес даст доштани мақомоти ҳукумат мавҷуд нест. Аммо гуфта мешавад, ки ашхоси алоҳидаи мансабдор ба ин навъи тиҷорат шомиланд.

(Тарҷима ва таҳияи: Соҷидаи Мирзо, Салими Аюбзод, Хоҷа Мирзода, Саиди Сабоҳ ва Аббоси Ҷаводӣ)