Изҳороти Вазорати Корҳои Хориҷии Тоҷикистон дар масъалаи паноҳандагони афғон


Обиди Шакурзода

Тоҷикистон даъвати Комиссариати Олии Милали Муттаҳидро дар бораи масъулияти қабули паноҳандагони афғон рад намуд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, пазириши паноҳандагони афғон вазъи иҷтимоӣ ва беҳдоштиро дар Тоҷикистон ба мушкилот рӯбарӯ карда, интиқоли маводи мухаддир ва густариши тундравии диниро зиёд хоҳад кард. Дар баёнияи вазорат гуфта мешавад, ки вуруди ҳама созмонҳои байнулмилалии хайрия ба маҳали зисти паноҳандагон озод аст ва бояд ба оворагони афғон кӯмак расонида шавад. Ин алҳол ягона роҳи ҳалли мушкил мебошад, омадааст дар изҳороти вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.

Комиссариати Олии Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кардааст, ки масъулияти байналмилалии худро ба ҷой биёрад ва ба ҳазорон паноҳандаи афғон иҷозат диҳад, ки марзро убур кунанд. Ин созмон зимни пахши як изҳорот дар Душанбе баён дошт, ки аз оғози моҳи октябр то ҳол 41 муҳоҷир аз беморӣ, захмҳои ҷанг ва офатҳои дигар фавтидаанд.