Оғози равобити низомӣ байни Тоҷикистон ва Амрико?


Саидқосими Қиёмпур

Мусохибаи Радиои Озодӣ бо муовини ёвари вазири дифои ИМА Ҷефри Старр, ки дар Душанбе бо мақомоти низомӣ ва амниятии Тоҷикистон дидор ва гуфтугӯ кард.

Радиои Озодӣ - Ҷаноби Старр, ҳадаф аз сафари шумо ба Тоҷикистон ва дидоратон бо мақомоти ин кишвар чӣ буд ва чӣ натиҷаҳо дод?

Ҷефри Старр - Мақсади сафари ман ба Тоҷикистон аз бунёди равобити дуҷониба миёни Вазорати Дифои ИМА ва Вазорати Дифои Тоҷикистон ва дигар вазоратҳое иборат буд, ки таъмини амниятро дар Тоҷикистон дар ӯҳда доранд. Ман аз мулоқотҳои ду рӯзи охир дар Душанбе хушҳолам, яке аз натиҷаҳои фаврии мулоқотҳо ин аст, ки миёни ИМА ва Тоҷикистон масъалаи рушди муносибатҳои марбут ва таъмини амният ба даст омад. Мо ғояҳои вижаро дар бобати ҳамкории кишварҳоямон баррасӣ кардем. Натиҷаи амалӣ ва ё муҳимтарин ин аст, ки мо таҳкурсии робитаҳои фаъол ва қавии ИМА ва Тоҷикистонро дар риштаи амният бунёд кардем.

Радиои Озодӣ - Оё ба назари шумо, ҳузури ҳарбии Русия дар Тоҷикистон ва робитаҳои хеле наздики ҳарбии Русияву Тоҷикистон ба сафари шумо чӣ таъсир дошт?

Ҷефри Старр - Тоҷикистон як кишвари соҳибистиқлол аст. Мо робитаи таърихии байни Русия ва Тоҷикистонро эътироф мекунем. Ман зиддияте байни ин равобити таърихӣ ва орзуи Тоҷикистон барои барқарории равобит бо Иёлоти Муттаҳида ва ҳамин тавр хоҳиши мо барои барқарории равобит бо Тоҷикистон намебинам.

Радиои Озодӣ - Пас оё мулоқотҳои шумо танҳо бо мақсади шиносоӣ ва барқарории равобит ба амал омаданд, ва ё мавзӯъҳои мушаххасе дар нишастҳо матраҳ шуд?

Ҷеври Старр - Маркази диққати сафари ман барқарории равобит дар соҳаи амният ва низомӣ байни ИМА ва Тоҷикистон буд. Албатта дар ин гуфтугӯҳҳои чандрӯза масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, терроризм ва қочоқи маводи мухаддир матраҳ шуд. Аммо диққати аслӣ ба поярезии муносиботи дуҷониба байни Вазорати Дифои ИМА ва Вазорати Дифои Тоҷикистон ва дигар вазоратҳое дода шуд, ки дар ин чанд рӯз ман ба онҳо мулоқот доштам.

Радиои Озодӣ - Ҷаноби Старр, Тоҷикистон ягона кишвари шӯравии пешин аст, ки аз барномаи НАТО Ҳамкорӣ Барои Сулҳ берун мебошад. Дар гуфтугӯҳои шумо бо мақомоти Тоҷикистон масъалаи узвияти Тоҷикистон дар ин барнома низ баррасӣ шуд. Оё Тоҷикистон вориди ин барнома мешавад?

Ҷефри Старр - Ба назари ман тасмими ин ки, Тоҷикистон ба барномаи Ҳамкорӣ Барои Сулҳ шомил хоҳад шуд ё не, марбут ба ҳукумати Тоҷикистон мешавад. Дар ду рӯзи гузашта ман чандин аломати мусбат дидам, ки нишон медод, ҳукумати Тоҷикистон хоҳиши пайвастан ба Ҳамкори Барои Сулҳро дорад. Арзиши воқеии пайвастан ба ин барнома он аст, ки имконияти бештаре барои сарбозони Тоҷикистон эҷод хоҳад шуд, онҳо бо сарбозони кишварҳои дигар, кишварҳои НАТО ва кишварҳои барномаи Ҳамкорӣ Барои Сулҳ ҳамкорӣ хоҳанд кард, аз таҷрибаи якдигар баҳра хоҳанд гирифт.

Радиои Озодӣ - Аз нигоҳи шумо, ояндаи муносибатҳои низомии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳида чӣ гуна намудор мешавад?

Ҷефри Старр - Посухи ин саволро муносибатҳои ИМА ва Тоҷикистон нишон хоҳанд дод. Ман намехоҳам он чиро, ки ҳанӯз ба амал наомадааст пешгӯӣ кунам. Иёлоти Муттаҳида бисёр рағбат дорад, ки ду кишвар дар ҳамаи риштаҳо муносибатҳои комил дошта бошанд, чи дар риштаи сиёсию иқтисодӣ ва чи ҳарбию амният. Дар соҳаи ҳарбӣ ва амният умеди ман ин аст, ки вазоратҳои дифои ду давлат робитаҳои мустаҳкам дошта бошанд. Умедвори ин ҳастам, ки сарбозони Амрикоӣ ва Тоҷик якҷоя машқ кунанд, аз таҷрибаи ҳамдигар омӯзанд ва умеди дигари ман он аст, ки Вазорати Дифои ИМА бо дигар вазоратҳои риштаи таъмини амнияти Тоҷикистон аз ҷумла Вазорати Корҳои Дохилӣ, Нирӯҳои Марзбон, ва Вазъияти Фавқулодда низ робитаҳои наздик дошта бошанд.

Радиои Озодӣ - Тибқи эъломияи мақомоти Тоҷикистон дар нишастҳои зикршуда вазъи Афғонистон ва кӯмаки Америка дар таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон низ баррасӣ шуд.

Ҷефри Старр - Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар ин чанд рӯз мавриди баҳс қарор гирифт, амнияти марзҳо буд. Мо дар бораи пешниҳоде, ки котиби давлатии ИМА зимни сафари худ ба Осиёи Марказӣ апрели гузашта карда буд, муфассалан баҳс кардем. Тибқи ин пешниҳод ҳукумати Иёлоти Муттаҳида омодаи додани таҷҳизот ва таълим ба вазоратҳои Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣст, ки масъули амнияти марзҳо ҳастанд. Умеди ман он аст, ки ин қабил ҳамкориҳо дар оянда бештар хоҳад шуд. Аммо сарфи назар аз таҳавуллот ва ё тасдиқи ин ё он пешниҳод, муҳим ин аст, ки мо заминаро барои равобити бисёр дӯстонаи ҳамкорӣ байни Иёлоти Муттаҳида ва Тоҷикистон эҷод кардаем.