Заминҷунбӣ дар Тоҷикистон


Салими Аюбзод

Шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он аз заминларзаи баробар бо 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер такон хӯрданд, аммо аз харобиҳо, ҳалокат ва ё ҷароҳат дидани одамон хабар дода нашудааст.

18-уми январ шаҳри Душанбе ва манотиқи атрофи он аз заминларзаи баробар бо 4 дараҷаи ҷадвали Рихтер такон хӯрданд, аммо аз харобиҳо, ҳалокат ва ё ҷароҳат дидани одамон хабар дода нашудааст. Сухангӯи Вазорати вазъи фавқулоддаи Тоҷикистон гуфт, маркази зилзила дар 225 километрии Душанбе, дар қаламрави Афғонистони ҳамсоя, воқеъ гаштааст.