Чингиз Айтматов зиндагиро падруд гуфт

Шоми сешанбеи 10-уми июни соли 2008 нависандаи машҳур Чингиз Айтматов дар синни 79-солагӣ аз олам чашм пӯшид.
Марги Ч. Айтматов, ки дар як беморхонаи шаҳри Нюремберг (Олмон) фаро расид, бар асари бемории илтиҳоби шуш будааст, ки солҳои ахир нависандаи бузург гирифтори он буд.
Чингиз Айтматов 79 сол умр дошт ва даргузашти ӯ ба вақте рост омад, ки Қирғизистон соли ӯро таҷлил мегирад.
Айтматов аз он нобиғаҳое маҳсуб меёбад, ки аз нахустин навиштаҳояш ба дили хонанда роҳ ёфта, ин маҳбубияти саросариашро дар тамоми марҳилаи зиндагиву эҷодаш ҳифз кардааст. Қиссаи "Ҷамила"-и вай, ки ба забони тоҷикӣ ҳам тарҷума шудааст, ба ӯ шуҳрати ҷаҳонӣ овард. Навиштаҳои дигари Ч. Айтматов – "Киштии сафед", "Алвидоъ, Гулсарӣ", “Устоди аввалин”, "Дуроҳаи бӯронӣ" ва «Зеркунда» – ба ҳудуди 170 забон баргардонида шуда, ба теъдоди 40 миллион нусха чоп шудаандё
Донишманди тоҷик Акбари Турсон, ки аз дӯстони наздики Айтматов буд, хабари даргузашти ӯро бо дард пазируфт: "Барои ман, ки дар арзи чаҳоряк аср бо шодравон дар тамоси доимӣ будам. Марги ногаҳонии дӯсти азизу арҷмандам як талафоти азим ва ҷубронношудании шахсист. Ба қавли дӯсти ҷавонмаргам Лоиқ, гӯям:
Рӯзҳо мегузаранд,
Рӯзҳо аз сари мо, аз дили мо мегузаранд.
Хабари соати дидору ҷудоӣ дар лаб
Аз раҳи манзили мо мегузаранд.
Имсолро дар Қирғизистон соли Чингиз Айтматов эълон карданд. Қарор буд имсол ба Бишкек рафта дар ҷашни бузургдошташ ширкат мекардам. Мутаассифона насиб набудааст. Ёдаш ба хайр.
Шодравон шахсе буд нексиришту некандеш, одамшиносу қадрдон. Пиндору гуфтору кирдори нек дошт".
Донишманди тоҷик афзуд, ки адабиёти ҷаҳонӣ, аз ҷумла адабиёти муосири тоҷик, ки аз эҷодиёти Айтматов илҳом гирифтааст, ва худи ӯ барои баъзе аз адибон ҳаққи устодӣ ҳам дорад, талафоти бузурге дидааст. Акбари Турсон идома медиҳад: "Айтматов, хушбахтона, бо намояндагони барҷастаи адабиёти шӯравии тоҷик робитаи қавӣ дошт, аз ҷумла бо Фазлиддин Муҳаммадиев, ки романҳо ва навиштаҳои ӯро ба тоҷикӣ бозгардонӣ карда буд. Бо Гулрухсор ва Муъмин Қаноъат тамос дошт. Бинобар ин, аз чизҳое, ки вай навишта буд, хонандагони тоҷик баҳраманд буданд ва низ адибони тоҷик. Худи Фазлиддин ба ман борҳо гуфта буд, ки бо сабки Айтматов ошно ҳасту дар романҳояш аз он истифода мекунад. Адибе чун Айтматов, ки нуфузи ҷаҳонӣ дошт, тарҷумаи асарҳои вай дар феҳристи ЮНЕСКО буд. Ба бисёр забонҳои ҷаҳон асарҳои вай тарҷума шудааст, бино бар ин, ӯ на танҳо ба адабиёти тоҷик, балки ба адабиёти ҷаҳон ҳам таъсир кардааст. Аз ҳама муҳиммаш ин аст, ки вай на фақат нависандаи тавоно, балки мутафаккир ҳам буд. Ҳар асари ӯ аз назари илмиву фалсафиву таърихи адабиёт арзиши баланд дошт. Эҷодиёти Айтматовро ҳоло бисёрҷиҳата дар ҷаҳон хоҳанд омӯхт. Орзуи ман ин буд, ки ҷоизаи Нобелро бигирад".
Чингиз Айтматов соли 1928 дар Қирғизистон ба дунё омада, қиссаи "Ҷамилааш"-ро дар 30-солагӣ ба чоп расонидааст. Дар маркази эҷодиёти пуррангу ғании Айтматов ҳамеша идеоложии худшиносии милливу авлавияти арзишҳои инсонӣ қарор дошт. БашарофатиАйтматовмардумишӯравӣ, киазаслубумихуд канда шудаву забону мазҳаб ва фарҳанги миллиашро аз даст дода буданд, бо мафҳуми "манкурт" шинос шуданд.
Айтматовро баъзеҳо нозпарварди режими шӯравӣ мегуфтанд, ки ӯ он вақт дорои ҷоизаҳои баландтарини давлативу унвонҳои зиёд будааст. Тинчтиқбек Чороев, раиси бахши қирғизии радиои Озодӣ, мегӯяд, ки роҷеъ ба ҷойгоҳи Айтматов дар таърихи Қирғизистон як андеша вуҷуд дорад: "Қирғизҳоро дар ҷаҳон ҳамосаи "Манас" ва Чингиз Айтматов маъруф кардаанд. Агар "Манас" таъриху фарҳанги мардуми қирғизро дар тӯли чандин садсолаҳо таҷассум карда бошад, ба Айтматов даст додааст, ки қирғизҳоро тавассути фарҳанг дар тӯли як муддати кӯтоҳ ба ҷаҳон шинос кунад. Ва ин ошноӣ на танҳо тавассути фарҳанги хаттиву шифоҳии мардумӣ сурат гирифтааст, балки бо роҳи тарҷумаи асарҳои вай дар қаламрави шӯравии собиқ имконпазир шудааст: Айтматов аз марзи маҳдудаҳои ҷумҳурии хурди худ берун шуд ва адабиёту публитсистикаро то сатҳи нави ҷаҳонӣ бардошт".
Худи Чингиз Айтматов ҳам аз самими дил эътимод дошт, ки танҳо тавассути фарҳангу ҳунар мешавад ба дастовардҳои бузурги милливу умумибашарӣ даст ёфт. Дар яке аз мусоҳибаҳояш бо радиои «Озодӣ» соли 2006 ин устоди насри қарни 20 таъкид карда буд: "Новобаста аз дастовардҳои иқтисодиву саноъатии башарӣ, дар ниҳояти амр, ҳама муваффақиятҳои инсон аз рӯи арзишҳои фарҳангиву ахлоқиаш арзёбӣ мешавад".
Чингиз Айтматов дар давоми беш аз 15 соли ахир сафири Қирғизистон дар Белжик буда, дар ин мақом ҳам фаъъолиятҳои давлативу фарҳангии худро идома додааст. Тавре коршиносон мегӯянд, лаҳзаҳое ҳам буданд, ки дар дохили Қирғизистон аз Айтматов интизори бештар доштанд, зимни баъзе мушкилоту буҳронҳои сиёсӣ умедвор буданд, ки вай ба унвони як шахсияти бонуфузи миллӣ метавонад ба рӯйдодҳои кишвараш таъсиргузор бошад. Баъзеҳо аз ӯ ранҷиданд. Аммо боре вай ба чунин ҳамлаҳо посух дода гуфтааст, ки сиёсатмадор нест ва вазифаи вай чун як нависанда ин нест, ки ба равандҳои сиёсӣ мудохила кунад. Мегӯянд, на ҳама бо ин мавқеъгирии вай розӣ шуда метавонист.
Тинчтиқбек Чороев дар ин робита мегӯяд: "Вай виҷдони мардум буд. Бубинед, вақте дар охирҳои солҳои 80-ум ҳеҷ кас орзуи инро надошт, ки метавонад бо фарзандаш ба забони модарӣ суҳбат кунад, Чингиз Айтматов масъалаи зарурати қонунӣ шудани забони қирғизиро дар баробари русӣ бардошта буд. Ӯ масъалаҳои зиёди дигарро, ки ба Осиёи марказӣ иртибот мегирад, матраҳ кардааст, аз ин рӯ, ӯро бисёриҳо дӯст ҳам медоштанду бад ҳам медиданд".
Аммо Айтматов ҳамеша дар ҳар соату лаҳзаҳои ҳассос ва сарнавиштсози кишвараш дар канори мардуми худ буд, мегӯяд оқои Чороев, ва ӯ аз аввалинҳое буд, ки инқилоби мардумии се соли пеши Қирғизистонро истиқбол кард.
Чингиз Айтматов нақшаҳои зиёд дошт. Дар зодгоҳи модари худ шаҳри Қазон (Тотористон, Русия) моҳи май, пеш аз ба бемористони Олмон интиқол ёфтанаш наворбардории филми мустанаде дар бораи ӯ бо номи "Як рӯз ва як аср" шурӯъ шуда буд.
Дар лаҳзаҳои охирини зиндагиаш дар канори ӯ ҳамсар ва фарзандонаш ҳузур доштанд. Интизор меравад, ки имрӯз ҷасади ӯ ба Бишкек интиқол дода шуда, рӯзи шанбе дар инҷо бо баргузории як маросими вежаи давлатӣ ба хок супурда шавад.

Имрӯз ҳукумати Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки дар зодгоҳи Чингиз Айтматов хона-музейи ин адиби бузурги фақидро ифтитоҳ кунад.