Талоши таҳияи тарҳи нави қонуни интихобот

Сандуқи байналмилалии низомҳои интихоботӣ, ё Айфес бо ширкати аҳзоби сиёсӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, як тарҳи вижаи Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистонро таҳия карда, барои баррасӣ ба парлумони ин кишвар фиристад. Интихоботи ояндаи парлумони Тоҷикистон дар соли 2010 баргузор хоҳад шуд.

Тигран Карапетян, як масъули Айфес дар як мизи гирд бо ширкати намояндагони аҳзоби сиёсии расмӣ, Комиссияи марказии интихобот, парлумон ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон гуфт, ҳадафи Айфес аз татбиқи чунин як лоиҳа баргузор намудани интихоботи озоду шаффофи парлумон дар Тоҷикистон аст. Оқои Карапетян гуфт, Айфес мехоҳад як гуруҳи корӣ аз ҳисоби аҳзоб ва созмонҳои манфиатдор барои ворид кардани тағйироту иловаҳо ба Қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон ташкил кунад. Вай афзуд, ин гурӯҳ давоми як моҳ пешниҳодоти аҳзоби сиёсӣ ва созмонҳоро ба ин қонун гирд оварда, лоиҳаи тозаи ин қонунро аз номи ҷомеаи Тоҷикистон ба парлумон ироа хоҳад кард. Оқои Карапетян гуфт, кафолат намедиҳад, ки лоиҳаи ироашавандаи тағйироту иловаҳо ба қонуни мазкур аз суи парлумони Тоҷикистон қабул мешавад, вале феълан парлумон ва Комиссияи марказии интихоботи Тоҷикистон ақидаи ворид кардани тағйирот ба қонуни мазкурро дастгирӣ мекунанд.

Ҷаббор Аҳмадов, узви Кумитаи қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, парлумон омодааст, лоиҳаи ироашавандаро мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Муҳибулло Додоҷонов, раҳбари дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мегӯяд, қонуни интихоботи Маҷлиси олии Тоҷикистон бо гузашти вақт ба ислоҳот ниёз пайдо кардааст. Оқои Додоҷонов гуфт, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар гурӯҳи кории мавриди назари Айфес ширкат ва 11 тағйирот пешниҳод мекунад. Оқои Додоҷонов гуфт, Комиссияи марказии интихобот аз ҷумла хостори коҳиш додани ҳаҷми гарави интихоботӣ аст. Вай афзуд, комиссия ҳамчунин пешниҳод мекунад, ки шаҳрванди Тоҷикистон, ки 5 сол дар хориҷи кишвар ба сар бурдааст, низ тавонад худро номзад ба парлумон кунад.

Муҳаммадалии Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, ислоҳоти қонуни интихоботи парлумон дар Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки дар ин кишвар боре ҳам интихоботи шаффофу демократӣ сурат нагирифтааст. Оқои Ҳайит афзуд, ҲНИТ пешниҳодоти худро дорад. Вай гуфт, бояд назорати интихобот дар комиссияҳои қитъавӣ, комиссияҳои ҳавзаӣ ва дар комиссия марказии интихобот ва раъйпурсӣ намояндагии баробар аз аҳзоби сиёсӣ бошад ва ҳатто созмонҳои ҷамъиятию сиёсие, ки имруз вобаста ба интихоботанд.

Раҳматулло Зойиров, раиси ҲСДТ бмегӯяд, бояд ҳукумат гузаронидани интихоботро ба ихтиёри аҳзоби сиёсӣ монад.

Аҳзоби сиёсӣ, Комиссияи интихоботи Тоҷикистон ва коршиносон ниҳоят ба чунин тавофуқ расиданд, ки як намояндаии худро ба гурӯҳи кории Айфес пешниҳод кунанд. Ин гурӯҳ аз ҳафтаи оянда як маротиба ҷамъ омада, пешниҳодҳои худ ба Қонуни интихоботи парлумонро ба Маҷлиси олии Тоҷикистон баррасӣ хоҳад кард.

Қарор аст, лоиҳаи ин гурӯҳ баъди ба охир расидани таътили намояндагони мардум ба парлумон пешниҳод шавад.