Ҳама имрӯз рангу бӯи футбол дорад

Шоми 7 июн, соати 9 ба вақти Душанбе дар Базели Швейтсария бо бозии байни тими милли ин кишвар ва тими миллии Чехия мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо оғоз мегирад.

Мухлисони футболро 22 рӯзи сабқатҳои пур аз шӯру пур аз рақобат дар пеш аст.

Ба даври ниҳоии Ҷоми футболи Аврупо 16 тим роҳ ёфтаанд ва ғолибан, рақобатҳои аслӣ барои дарёфти ин Ҷом байни тимҳои дар футбол маъруфтаре, чун Итолиёву Фаронса, Ҳолланд, Португалия ва ҳатман Олмон ҷараён хоҳад гирифт.

Русия, ки дар роҳ ба сӯи даври ниҳоии Ҷоми футболи Аврупо тими муҳкаме чун Инглистонро шикаст дод, шаҳди пирӯзии тими хоккеяш дар Ҷоми ҷаҳонӣ, тими Зениташ дар Ҷоми УЕФА ва овозхонаш Дима Билан дар озмуни Евровижн роҳии Ҷоми футболи Аврупо шудааст ва мегӯяд, набояд Русияро ба чашми кам дид. Аммо Павел Погребняк, ҳуҷумкунандаи аввали тим дар арафаи Ҷоми Аврупо лат хӯрд, ки хатти ҳуҷуми тими Русияро албатта заъифтар мекунад. Эҳтимол дорад, ки Погребнякро акнун дар ҳайъати тими миллӣ Александр Кержаков, яке дигар аз ҳуҷумкунандаҳои маъруфи рус иваз кунад. Кержаковро мураббии ҳолландии тими миллӣ Гус Ҳиддинк ба ҳайъати ин тим шомил накарда буд.

Тими Итолиё ҳамин тавр капитани даста Фабио Каннавароро дар арафаи Ҷоми Аврупо ба иллати лат хӯрданаш аз даст дод.

Вале тавре дида мешавад, бештари ситораҳое, ки дар осмони Ҷоми имсолаи футболи Аврупо нахоҳанд дурахшид, ё ба далели солхӯрда шудан аз ҳайъати тимҳои миллии кишварҳои худ берун мондаанд ва ё ба далели ихтилофи назарашон бо мураббиёни тимҳои миллӣ. Тими Испания ин бор аз хидмати ҳуҷумкунандаи собиқадораш Раул истифода намекунад. Фаронса ҳамин тавр Давид Трезегеро бо худ нагирифт. Дар арафаи Ҷоми Аврупо Оливер Кан, дарвозабони шӯҳратёри олмонӣ бо футбол падруд гуфт. Павел Недвед ва Карел Поборски аз рафтан ба ҳайъати тими миллии Чехия даст кашиданд.

Вале мухлисон мегӯянд, осмони футбол ҳеҷ гоҳ беситора намемонад ва ҷойи ҳар ситораи кандашуда аз ин осмонро хеле зуд ситораҳои навбанав пур мекунанд.

Ин аст, ки ҳазорон ҳаводори футбол ба хотири тамошои ин бозиҳо худро ба Швейтсарияву Австрия, мизбонони Ҷоми имсолаи футболи Аврупо, расондаанд ва ҳам дар майдонҳои марказии тақрибан ҳама пойтахтҳои футболи Аврупо барои мухлисон экранҳои бузурге дуруст кардаанд, ки мардум ба роҳатӣ бозиҳои Ҷоми Аврупоро тамошо кунанд.

Шумори беҳисоби тарабхонаҳо низ дар ин шабу рӯз тамошои футболро як ҷузъи ҳатмии таъомномаи худ кардаанд. Олмон тайи рӯзҳои мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо иҷрои қонунеро, ки шӯру ғавғо дар кӯчаҳоро аз соати 10 шаб то 6 субҳ манъ мекард, мутаваққиф кард, то ки мухлисон ҷараёни бозиҳоро дар кӯча низ ба роҳатӣ тамошо кунанд.

Ҷоми футбол як тиҷорати бузург ҳам ҳаст ва дар пешорӯи ин мусобиқот тақрибан ҳамаи ширкатҳои маъруфи тавлидкунундаи чӣ либосу чӣ пойафзол ва чӣ маҳсулоти ғизоӣ фурӯшоти худро ба Ҷоми Аврупо марбут кардаанд. Пойафзолу либоси варзишӣ бо эмблемаи тимҳои миллии кишварҳои мухталифи ширкаткунандаи Ҷоми Аврупо, нӯшобаҳо, сақич, қанду ширинӣ, ҳама, ҳама чизе ки ин шабу рӯз дар дӯкону мағозаҳо мебинем, рангу бӯи футбол ва ё ҳадди ақал аксе аз футбол дорад.