Мусоҳиба бо падари Сӯҳроб Лангариев

Салмон Лангариев, падари Сӯҳроб Лангариев, ки баъд аз як амалиёти низомӣ дар шаҳри Кӯлоб дар рӯзи 27-уми май боздошт шуда, дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад, аксари иттиҳомоти зидди фарзандашро рад кард ва талош дорад, дар гуфтугӯ бо президент Эмомалӣ Раҳмон, зиёдаравии нерӯҳои интизомиро ҳангоми ҳабси Сӯҳроб ва шариконаш мавриди баррасӣ қарор диҳад.

Хабарнигорони Радиои Озодӣ рӯзи шанбеи 31-уми майи соли равон бо Бобои Салмон мусоҳибае анҷом доданд, ки аз ин пурсиш шурӯъ шуд:

- Ба назари Шумо иллати дар муҳосира ва ҳамин тавр тавассути силоҳ боздошт кардани фарзанди шумо дар чӣ буд?

- Инҳо барои он омаданд, ки гуё дар хонаи Сӯҳроб афғонҳо будаанд. Ман гуфтам, ки дар хона ҳеҷ афғон нест. Не, мегӯянд, ки 25 афғон ҳаст. СНГ-ро ба по хезониданд, ки ин ҷо 70-80 афғон ба Кӯлоб омадааст. СНГ омад ҳамаро тафтиш кард ва дид, ки ҳамааш дурӯғ аст. Баъд гашту рафт ва сарбозонашро наовард. Ба СНГ муроҷиат кардаанд, ки ҳамин афғонҳо омадаанду Кӯлобро мегиранд. Сардорашон омад ҳамаро бо чашми худ дид ва дид, ки дурӯғ аст ва баргашту рафт. Лекин ин одамҳое, ки дар шаҳри Кӯлоб дар қадди кӯча онҳоро заданд, куштанд аз сари Хӯҷа Ғойибҷон бо снайпер заданд, ҷавоби онҳоро кӣ медиҳад? Дар пеши сардори милиса заданд, бор карданд бурданд дар мошин. Боз дигарашро заданд. Аз ҳамон тарафи Хӯҷа Ғойибҷон тир жолаворӣ меомад. Ҳозир дар беморхона шаш нафар хобанд. Панҷ кас мурд.Ҷавоби инро кӣ медиҳад? Хонаи халқҳоро заданд, ҳамаро заданд. Ҷавоби инро кӣ медиҳад? Як милисаи худамон, ки командир аст, автомат дар дасташ омад, занону мардони зиёде буданд ин ҷо, гуфт, ки эй мардум, мо худамон қувваи кофӣ дар ихтиёр дорем, шумо чӣ кор мекунед? Шумо куҷо омадед? Барои чӣ омадед? Гирифтанду дастонашро тофтанду завлона заданду пеш-пеш карданду бурданд, ки дар назди роддом (таваллудхонаи Кӯлоб) милисаҳои дигар озодаш карданд.

- Худи шумо дар вақти вуқӯъи ҳодиса дар куҷо будед?

-Ман дар хонаам будам.

- Дар ҳамон хонае, ки ин ҳодиса рух дод?

- Ман саҳар соати чаҳор, вақти дамидани субҳ дарвозаи хонаро боз кардам. Дидам, ки қадди кӯча пури милиса. Дарвозаро пӯшидам. Дарвозаро пӯшидаму омадам, ба кӯдакҳо гуфтам, ки берун набароед -ҳамаи кӯча то тори боми таваллудхона пур аз милиса. Аз соати чор аллакай омадагӣ буданд. Ҳамаро муҳосира карда буданд. Баъд соати намедонам чанд, вақте ки тирборон сар шуд, хестаму рафтам. Гуфтам, инҳо куҷоро мезананд?- гуфтанд хонаи Сӯҳробро. Рафтаму гуфтам, ки эй бачаҳо, биёед, инхел накунед. Он ҷо кӯдакон ҳастанд, се кӯдак аст дар хона. Шумо мусулмонед? Занҳо ба сӯйи милисаҳо сангпартоӣ карданд. Ба милисаҳо гуфтам, ки монед, ман дароям кӯдакҳоро аз он ҷо берун гирам, падарашонро худам оварда ба дастатон месупорам. Маро намонданд, ки даруни хона дароям. Садои нолаи кӯдакона мебаромад аз даруни хона.(Дар ин ҷо садои мӯсафед бо гиря меомезад) Ба гранатамёт мезаданд, аз сӯйи дигар бо БТР-у пушка. Хуб шуд, ки кӯдакҳо ин вақт подвал (таҳхона)даромадаанд. Омадам хона, дигар нарафтам(хонаи Сӯҳроб). Духтарам Ҷамила, ки дар Академияи улум кор мекунад, рафта даромаду кӯдакҳоро берун баровард. (Садои гиряи мӯйсафед). Кӯдакҳо зиррас мегиристанд. Охир, ин давлатдорияй, ин чӣ давлатдорияй? Ягон грам инсоф дар инҳо набудаст, одамгарӣ, инсоф дар инҳо набудааст.


- "Инҳо" гуфта Шумо киҳоро дар назар доред?

-Инҳо аз Душанбе, сардори КГБ-и Душанбе. Милисаҳои Кӯлобро нагузоштанд, ки дахолат кунанд. Ягон нафар милисаи Кӯлобро нагузоштанд. Онҳо гуфтанд, ки охир мо ҳам соҳиби давлатем, вале онҳо нахостанд, ки милисаҳои Кӯлоб садди роҳи онҳо шаванд. Гуфтам-ку як милисаро дасташро тобида, аз дасташ автоматро гирифтанд.

- КГБ-и республика бо Шумо чӣ мушкилӣ дошт?

- Мушкилии онҳоро ман намедонам. Ман дар синни 70-солагиям то Ҷиргатол зада рафтам. Соли 92 сарҳади Дашти Ҷумро СНГ партофт. Сарҳадро ман худам гирифтам. Эмомалӣ худаш бо Убайдуллоев омада, маро ду маротиба хабар гирифтанд, ки як афғонро намондам дарояд. Сарҳадро ин қадар нағз нигоҳ кардам. Бачаҳоям Лангариҷон мурд, Файзалию Бахтиёрҷону ҳамин майдаҳак (Сӯҳроб) дар Душанбе шабурӯз бо Раҳмон-Гитлеру дигарҳо заданд. Акнун имрӯз намедонам, мо чӣ гуноҳ дорем, ки хонаамонро ин гуна ғорату тирборон карда истодаанд. Чӣ гуноҳ дорем мо?! Барои он ки мо ҷангидему мамлакатро тинҷ кардем??? Барои ҳамин будаст??? Э-э-э-ҳ… сад афсӯс, сад афсӯс, сад афсӯс, ки ақлу фаросат дар калонҳо нест. Инсонгарӣ нест?

- Тибқи маълумотҳои нашршуда, ки гӯё Сӯҳроб бо маводи мухаддир машғул будааст?

- Бубинед, ана ин нон. Ба худо қасам агар ман героин меовардам, бо тоннааш меовардам. Мошини маро на СНГ меёрист кофтуков кунад, на КГБ, на милиса. Барои он ки ҳамаашон дар таҳи дастам буданд. Ман накардам ин корҳоро ва фақат ба халқ ҳам гуфтам, ки накунад. Бубинед, духтарҳояшонро бурданд, бачаҳояшонро паррониданд.

- Зимистони имсол, ки ҳаво сахт сард омад, гӯё Сӯҳроб ба мардум гуфта бошад, ки биёед митинг кунем?...

- Не. Ин гапҳоро ман нашунидаам. Дурӯғанд ин гапҳо. Гӯш кун, мо хестему меҳнат кардему азоб кашидему давлатамонро тинҷ кардем. Боз дубора мехезему митинг мекунему Ватанамонро вайрон мекунем? Ин гуна гапҳоро хоинон гуфтагиянд, онҳое ки зидди мо ҳастанд, онҳо бофтаанд. Мо аз аввал то охир ҳамроҳи Эмомалӣ будем. Дар маҷлис гапҳое, ки ман ба ӯ гуфтам худаш медонад. Бачаҳои ман бо Эмомалӣ буданд. Ман худам дар бараш будам. Панҷ маротиба телеграмма(барқия) фиристодам, барои бо сардори далат вохӯрӣ кардан.

- Баъди ҳамин ҳодиса?

- Пеш, пеш аз ин ҳодиса. Як рӯз даъват карданд. Гуфтам ҳоло ки Эмомалӣ дар Франсия аст барои чӣ равам. Меравам, маро Централний район фарёдам(даъват) мекунанд. Бобои Салмон, ту бо чӣ мақсад ба президент телеграмма мефиристӣ? Гуфтам, ки ҷӯра ман ба касе, ки телеграмма фиристодам, бо ҳамон гап дорам, бо Шумо гап надорам. Аз ин маълум мешавад, ки беобрӯкунандаи Эмомалӣ шумо будаед, арзу шикояти мардумро мегиреду ҷавоб намедиҳед, ба Эмомалӣ намерасад. Баъд нияту эътиқоди халқ аз Эмомалӣ мегардад. Шармандакун шумо будаед, гуфтаму баромадам. Боз бурда ба Сафармуҳаммад Аюбӣ доданд. Аюбӣ гуфт, ки чӣ кор мекунӣ, бобои Салмон бимоншон, даркор нест. Бояд Эмомалӣ маро гӯш мекард, аз аҳволи бачаи ман бохабар мешуд. Бачаи ман чӣ гуноҳ дорад, ки лағат карда омада, хонаашро чапа карданд. Ман барои ҳамин медаромадам.

- Хоҳиш карданд, ки пеши Сӯҳроб раведу гапзанон кунед, то ки ӯ таслим шавад?

- Ман худам таклиф кардам ҳамон сардорашон - як подполковникро, ки биёед ин хел накунед, кӯдаконро талхакаф мекунед, кӯдакҳоро кӣ ҷавоб медиҳад? Ман худам меравам, кӯдакҳоро мегирам ҳамин бачаро ба дасти худам оварда месупорам .Сӯҳроб гуфт, ки гӯед биёянд, маслиҳат мекунем. Ман ба онҳо инро гуфтам. Яктаашон рафт, сардорашон, надаромад, гашт.

-Аз манзили зисти Сӯҳроб силоҳу муҳиммоти зиёди ҷангӣ ёфта ва тавассути телевизион намоиш дода шуд? Инҳо аз куҷо буданд?


- Ман ҳамон сардори КГБ-ро гуфтам, ки қандата зан ба ин практикаат, маладес(аҳсан). Ду автомат дар дасташон будааст, ягон силоҳҳои дигар набуд. Вақте соати шаш инҳоро гирифтанд(доштанд), ягон касро нагузоштанд, ки хона дароянд. Хонаро маҳкам карданду охрана(посбон) гузоштанд. Шаб бурданд ҳамаи инҳоро (силоҳҳоро) тӯғрӣ карданду рехтанд. Саҳарӣ ман рафтам, ки милисаҳо чида истодаанд. Патронҳои пури хок. Патрони пури хокро чӣ тавр дар автомат мегзоред. Онҳо чандин бор одамонро ин гуна тӯҳмат карда бурдагиянд.

- Он чанд нафаре, ки мурд ба тири кӣ кушта шудаанд?

- Бо снайпер задагиянд онҳоро. Инҳо аз даруни хона чи гуна мезананд, аз даруни подвал ба куҷо меравад тирашон.

-Чи фикр мекунед инак фарзандатон боздошт шуд, шумо чиро интизор ҳастед?

-Иншооллоҳ чизе намешавад. Ҳама ҷо тинҷ аст, тинҷ мешавад. Ман бовар дорам, ки Калон ҳамаро тинҷ мекунад, ман сахт бовар дорам.

- Баъди ин ҳодиса Бахтиёр ва Файзалӣ - фарзандонатон ба хабаргирии шумо омаданд?

- Не, не. Файзаливу Бахтиёр аз хонаҳояшон набаромаданд. Боз ҳамин қадари дигараш мондааст, ки биоянду баъд гӯянд, ки роҳбар ҳаминҳо. Не. Онҳо ягонтааш наомадааст ва ман гуфтам, ки ягонтааш аз ҷояш наҷунбад. Ҳамин як бача садқаи тору мӯйи давлат. Бигиранд, чи кореаш, ки мекунанд, бикунанд. Ман ҳам набуромадам чи хел гирифтанд ….чи хел шапиданаш. Барои он ки гапамро нагирифтанд, намонданам.

-Ҳозир агар Шумо бо президент Эмомалӣ Раҳмон рӯбарӯ шавед, ба ӯ чӣ мегӯед?

-Ман мегӯям, ки ҳамин корро бисанҷад, фармон бидиҳад, бисанҷад, ҳал кунад ва касе, ки гунаҳгор бошад, ҷазояшро бубинад. Илтиҷои ман аз Эмомалӣ Раҳмон ҳамин ки ман, ки дар синни ҳафтодсолагӣ хестам, меҳнат карда давлатро тинҷ кардам, акнун ман муқобили давлатам мехезам? Одаме, ки муқобили давлаташ мехезад, вай инсон нест. Ман бо Эмомалӣ ҳамроҳаш хестам, акнун имрӯз дар ҳаққаш кори бад мекунам?Лаънат ба он одам, ки ба сардори давлат тӯҳмат мекунад. Шумо фикр кунед, ки мардак меҳнат кард, азоб кашид, Афғонистон рафт, Покистону Эрон рафт, халқро гирифту овард, мамлакатро тинҷ кард. Хизмати Эмомалӣ калон аст, ба дараҷаи олӣ калон аст. Акнун як чизро гӯям, ин коре, ки инҳо карданд, халқи Кӯлобро тарсонида истодаанд. Сардори давлат бояд фикр кунад, ки инҳо халқро маҷбур карда истодаанд, ки бар зидди давлат хезад. Халқ як бор хест, азоб кашид, дигар намехезад. Агар ҳамин хел давом кардан гирад боз бисёр чизҳои дигаре пайдо мешавад. Ман дар 86 рафтам, ҳамаи камбудиҳоро дидам. 31 сол дар органҳо кор кардам. Ана ҳаминҳо халқро маҷбур карда истодаанд, ки зидди давлат бихезад. Ман ба наздикӣ Душанбе меравам, бояд як бор бо калон вохурам, ман як бор дидорашро бубинам….