Чин ва 5 кишвари Осиёи марказӣ муштаракан «Роҳи бузурги абрешим»-ро ба феҳрасти Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО пешбарӣ карданд.
Ба иттилоъи хабаргузории «Синхуа»-и Чин, дар ин бора дар як конфаронс дар шаҳри Тсияни вилояти Шенсӣ (Чин) тасмим гирифта шуд.
Гуфта мешавад, ки Чин ва кишварҳои Осиёи марказӣ ёдгориҳои бостонии аз замони «Роҳи бузурги абрешим» боқимондаро ба феҳрасти бузург шомил карданд ва дар он 48 ёдгорӣ аз Чин, 57 ёдгорӣ аз Туркманистон, 33 ёдгории қаламравии имрӯзаи Узбакистон ҷой доранд. Ҳамчунин Қазоқистон 10, Тоҷикистон 8 ва Қирғизистон 7 ёдгориии бостониеро, ки дар масири ин ҷрддаи бузург бунёд шуда буданд, ба ин феҳрист номнавис кардаанд.
Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки қалъаи Ямчун дар шарқи Тоҷикистон, мадрасаи Хоҷа Машҳад дар Шаҳритус, шаҳраки Панҷакенти қадим, шаҳраки Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, маъбади Аҷинатеппа ва шаҳраки Тахти Сангини воқеъ дар ҷануби Хатлон, қалъаи Ҳисор ва шаҳраки Бунҷикат дар ноҳияи Шаҳристон ба феҳрастии ягонаи «Роҳи бузурги абрешим» шомил шудаанд.
Ҳанӯз ҳудуди 2 000 сол пеш корвонҳо тавассути кӯҳу дашту биёбон молу колои чиниро аз вилояти Шенсӣ тавассути қаламрави Осиёи марказӣ ба Аврупо мебурданд. Тӯли ин роҳ, ба таъйиди бостоншиносон, беш аз 8 000 километрро ташкил медод.
Моҳи апрели соли гузашта масъулини бахши фарҳанги Чин ва 5 кишвари Осиёи марказӣ ба созиш дар бораи ба Феҳрасти Мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО – Бунёди маориф, илм ва фарҳанги СММ – шомил кардани «Роҳи бузурги абрешим» имзо гузоштанд. Интизор меравад, ки ин мавзӯъ аз сӯи ЮНЕСКО соли 2010-ум мавриди баррасӣ қарор гирад.
Ан Ҷиаё, донишманди Пажӯҳишгоҳи бостоншиносии Фарҳангистони улуми ҷамъиятии Чин, мегӯяд, дар қаламрави Осиёи марказӣ ёдгориҳои фаровон ва басо нодири таърихиву фарҳангӣ мустақаранд, вале дар ҳамин ҳол танҳо теъдоди ночизи онҳо ба феҳрасти Мероси фарҳангии ҷаҳонӣ шомил шудааст.
Зимнан, талошҳои қаблии Тоҷикистон барои ба ин феҳраст ворид кардани ёдгориҳои Тоҷикистон ноком буданд. Аз ҷумла, соли гузашта ЮНЕСКО аз шомил кардани чанд ёдгории таърихии аз сӯи Тоҷикистон пешниҳодшуда ба ин феҳрист сарпечӣ карда буд. Ва аммо Фароғат Азизӣ, муовини вазири фарҳанги Тоҷикистон инро нокомӣ намехонад: «Гап сари он аст, ки феҳраст пайваста комилтар мешавад. Бигирем, қаблан фақат чунин мешумурданд, ки «Роҳи бузурги абрешим» роҳи фақат заминист ва аммо ахиран Жопун эълом дошт, ки ин роҳи баҳрӣ низ ҳаст. Яъне, ин мавзӯъ густардатар баррасӣ мешавад. Ва ба ин хотир ин феҳраст пайваста комилтар мешавад, тағйир меёбад ва ба он иловаҳо ворид мешавад».