Дар мулоқоти раиси САҲА Александр Стубб бо раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавзӯъи ҳамкориҳои ин созмон ва Тоҷикистон баррасӣ гардид.
Александр Стубб баъди ин мулоқот мутазаккир шуд, ки бо раисҷумҳури Тоҷикистон дар марвиди идомаи фаъъолияти рисолати Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (САҲА) дар Тоҷикистон ба тавофуқ даст ёфтаанд ва акнун ваколати намояндагии САҲА дар Тоҷикистон тамдид хоҳад шуд.
Оқои Стубб инчунин гуфт, ки аз ин ба баъд Маркази САҲА дар Душанбе ба Бюро табдил хоҳад шуд.
Раҳбари маркази САҲА мегӯяд: «Мо зимни музокирот ба ин тавофуқ расидем, ки дигар Маркази САҲА на марказ, балки Бюрои САҲА унвон хоҳад шуд. Аммо тағйири ном ба маънои тағйир ёфтани муҳтаво ё самти кори САҲА дар Тоҷикистон нест. Фақат исми намояндагӣ тағйир хоҳад кард. Ва ҳамкории САҲА бо Тоҷикистон идома хоҳад кард, зеро мо Тоҷикистонро як узви калидии САҲА медонем. Ба иловаи ин Тоҷикистон марзи тӯлоние бо Афғонистон дорад».
Аммо бо вуҷуди он, ки раиси САҲА мегуфт, тағйире дар муҳтавои барномаи кори САҲА эҷод нахоҳад шуд, вале таҳлилагарон чунин иқдомро дар заминаҳои дигар низ қобили арзёбӣ медонанд. Аз ҷумла, чандин маротиба ба сурати расмӣ ва ғайрирасмӣ мақомот аз фаъъолияти САҲА ба навъе эътироз кардаанд. Ва арзёбии ин созмон аз натиҷаи интихоботҳо, кумакҳои САҲА ба бахши ғайриҳукуматӣ ва ниҳодҳои ҷомиъаи шаҳрвандӣ ва матбуъот, ба гуфтаи таҳлилагарон, аз маворидест, ки барои мақомот хушоянд намебошанд.
Шокирҷон Ҳакимов, устоди ҳуқуқи донишгоҳи байнулмилалии Душанбе мегӯяд, ба бюро табдил шудани Маркази САҲА ба маънои нисбатан маҳдуд шудани доманаи фаъъолияти он мебошад.
Д мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон ва Александр Стубб инчунин барномаи кумаки САҲА барои тақвияти марзҳои Тоҷикистон низ мавриди барасӣ қарор доштааст. Тоҷикистон ва САҲА дар мавриди таъсиси як донишакадаи махсус барои таълими фармондеҳони нерӯҳои марзбонӣ мувофиқа кардаанд. Ин муассисаи таълимӣ қарор аст дар поёнии соли равон ифтитоҳ шавад, ки барои таълим додани ҳайъати фармондеҳии нерӯҳои марзбонии кишварҳои минтақа пешбинӣ шудааст.