Шоҳи барканоршудаи Непал барои тарки қаср ва пайвастан ба сафи шаҳрвандони қаторӣ розӣ шуд. Як ҳайати ҳукуматӣ баъди мулоқот бо шоҳи собиқ Гянендра хабар дод, ки ӯ тасмими Ассамблеяи қонунгузор барои аз байн бурдани шоҳгарӣ ва эълони ҷумҳуриро оромона қабул кард. Гянендра фақат аз ҳукумат хост барои ӯ ва модараш макони зисти сазовор пайдо кунанд, то ки онҳо қасри шоҳро, тибқи дастури ҳукумати нав, то 12 июн тарк намоянд.