Мақомоти Тоҷикистон Сӯҳроб Лангариев ва 8 нафари дигар, аз ҷумла писари Сангак Сафаров, собиқ сарфармондеҳи Фронти халқиро боздошт намудаанд.
Гуфта мешавад, дар байни дастгиршудагон аз ҷумла Аъзам Лангариев - писари собиқ фармондеҳи куштушудаи Фронти халқӣ Лангарӣ Лангариев, ва Нурмаҳмад Сафаров - писари собиқ фармондеҳи кушташудаи Фронти халқӣ Сангак Сафаров мебошанд.
Додситони шаҳри Кӯлоб Насрулло Махмудов ба хабарнигори радиои Озодӣ гуфт, ки аъзоёни дастаи Сӯҳроб Лангариев ҳини даргириҳои дирӯза хеле хуб мусаллаҳ буда, бо тирҳои нодири шақшақа, ё «трассируюшие», мушакандоз ва норинҷакҳо тули 10 соат муқовимати шадид нишон додаанд. Вай афзуд, бар асари тирпаррониҳо 2 шаҳрванди ғайринизомӣ ва капитани кумитаи миллӣ Рустам Ҷалилов кушта шудаанд.
Ҳамзамон теъдоди дақиқи захмишудагон дақиқ нест. Қаблан дар бораи кушташавии падари Лангариевҳо – мавсум ба Бобои Салмон хабар паҳн шуда буд, вале ин иттилоъ таъйид нашудааст.
Чунонки хабарнигори родиюи «Озодӣ» субҳи имрӯз аз ин шаҳр хабар дод, дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб низ, ки дар он дирӯз ба хотири даргирии мусаллаҳона дар шаҳр дарсҳо муваққатан қатъ шуда буданд, таҳсил дигарбора оғоз гардид.
Қарор шудааст, ки имрӯз додситони шаҳри Кӯлоб дар робита ба ҳодисаи ахир барои хабарнигорони ватаниву хориҷӣ як нишасти вежаи матбуъотӣ доир намояд. Родиюи «Озодӣ» тасмим гирифтааст, ки аз ин нишасти матбуъотӣ гузориши муфассал омода созад.