“Феникс” – дар Миррихи пурасрор!

"Фенникс" дар ин сайёраи дур фурӯд омадааст, то асрори онро бармало кунад

Тақрибан 10 моҳ пеш фазопаймои NАSА, Ожонси ҳавонавардии ИМА ба Миррих парвоз карда, ниҳоят 25-уми май дар он фурӯд омад.
Охирин лаҳзаҳо қабл аз фурӯд омадани фазопаймои мавсум ба “Феникс” – барои масъулини NАSА басо пуризтироб буданд ва аз ин рӯ фаромадани фазопаймо дар Миррихро дар ситоди NАSА дар Паседени аёлати Калифорния бо шодиву нишот истиқбол карданд.
Ин нишот сабаби дигар низ дошт: чанд талоши қаблӣ барои ба Миррих фиристодани фазопаймоҳои таҳқиқотӣ ба нокомӣ анҷом ёфта буданд. Моҳи сентябри соли 1999 як фазопаймо бар асари иштибоҳи техникӣ дар Миррих суқут кард. Баъд аз чанд моҳ фазопаймои дигари NАSА дар қутби ҷанубии Миррих ғайб зад.
Фазонавардидигар “Феникс” баъди тай кардани 680 миллион километр дар қисмати шимолии Миррих фурӯд омад. Олимон ҳадс мезананд, ки дар ин минтақа зери замин қабати бузурги ях мавҷуд аст ва пажӯҳиши он ба бисёр суъолҳо, аз ҷумла то куҷо мумкин будани зиндагӣ дар сайёраи сурх, посух хоҳад дод.
Питер Смит, раҳбари илмии экспедитсияи “Феникс” ба Миррих дар озмоишгоҳи NАSА, гуфт: «Ин оғози кор аст ва амалӣ шудани аҳдофи экспедитсия ба худи мо рабт дорад”.
Олимон ҳадс мезананд, дар минтақае, ки “Феникс” фурӯд омадааст, шояд замоне уқёнуси бузург вуҷуд дошт. Тарқишҳое, ки ба чашм мерасанд, шаҳодати замоне об шудани яхҳо дар Миррих аст – замоне, ки ҳарорати ҳаво дар ин сайёра назар ба имрӯз гармтар буд. Фазопаймо бояд муқаррар кунад, ки дар қисмати шимолии Миррих об мавҷуд аст ё на ва, агар мавҷуд бошад, пас таркиби он чи гуна аст?
Аслан, ба гуфтаи донишмандон, ҳадаф аз экспедитсияи “Феникс” талоши дигарест барои пайдо кардани шаҳодати зиндагӣ дар сайёраи сурх.
“Феникс” рӯи Миррих ҳаракат нахоҳад кард, ӯ тавассути таҷҳизоти вижа қабати болоии сайёраро то 60 сантиметр мешикофад ва сипас дар озмоишгоҳи кӯчаки худ таркиби хок ва оби яхбастаро таҳқиқ мекунад. Ҳамин гуна фазопаймо таййи 3 моҳ ба таҳқиқи Қутби шимоли Миррих машғул хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, “Феникс” ягона фазопаймои амрикоӣ дар Миррих нест. 4 сол боз дар ин сайёра ду моҳвораи дигар – “Спирит” ва “Оппортюнитӣ – ба таҳқиқот машғуланд. Ва аммо “Феникс”, ба гуфтаи олимон, бо нерӯмандтарин ва муъосиртарин таҷҳизот муҷаҳҳаз аст. Дар ин фазопаймо ҳамчунин як китобхонаи бузург мавҷуд аст – донишмандон асарҳои адибони маъруфи Заминро дар DVD сабт карда, ба Миррих фиристодаанд.