Овозхон аз Русия, Дима Белан якҷо бо ғижжакнавози маҷор Эдвин Мартон ва яхмолакбоз Евгений Плюшенко дар озмуни суруди Eurovision пирӯз шуд.
Шаби 24 май садҳо миллион нафар аз аҳолии кишварҳои Аврупо озмуни суруди Eurovision-ро тамошо карданд ва бо телефону паёмҳои электронӣ барои ин ё он кишвар раъй доданд.
Ин бори 53-юм буд, ки озмуни мазкур барпо мегашт ва солҳои охир марзҳояшро густариш дода, чандин кишвари навро низ фаро гирифтааст. Аммо бо вуҷуди чунин таърихи тӯлонӣ ва чунин густариш, гуфта мешавад, озмун аз доираи ду чиз -- таронаҳои бемоя ва сиёсатзадагӣ берун омада натавонист.
Бо як чунин тарона Билан ғолиб гашт ва акнун озмуни навбатӣ дар Русия барпо мешавад. Аввалин шуда Биланро президенти Русия Дмитрий Медведев ва сарвазири ин кишвар Владимир Путин табрик гуфтанд. Онҳо ин ҳодисаро як пирӯзии миллӣ номиданд. Ба муносибати ғалаба яке аз кӯчаҳо дар Русия ба номи Дима Билан гузошта хоҳад шуд. Ифтихори русӣ расонаҳо ва анҷуманҳоро саршор кард. Билан гуфт ғалабаи ӯ идомаи пирӯзиҳои ахири Русия дар варзиш ва дигар риштаҳост.
Аммо нашрияҳои Русия инро ҳам баршумурданд, ки кадом кишварҳо аз намояндаи Русия пуштибонӣ кардаанд. Маълум гашт, ҷамоҳири шӯравии собиқ, Исроил ва давлатҳои славнажод ин пирӯзиро таъмин намудаанд.
Шарти овоздиҳӣ дар озмун ин аст, ки бинандагони як кишвар ба намояндаи кишвари худ баҳо дода наметавонанд ва бояд ба овозхони кишвари дигар раъй диҳанд.
Озмуни Eurovision пас аз Ҷанги Ҷаҳонии дувум, дар соли 1956 бо мақсади иттиҳодофарӣ миёни давлатҳои Аврупо ба вуҷуд омад. Аз он вақт раъйдиҳӣ дар он аз рӯи асли ҳамсоягӣ ё хешовандӣ ҷараён мегирад.
Ҳунаршиноси иролондӣ, Кетс Миллз мегӯяд: "Ҳамеша дар он унсури раъйдиҳии сиёсӣ ва ҳамсояпарастӣ вуҷуд доштааст ва ин чизи наве нест. Дар солҳои шастуму ҳафтодум дар он эътилофҳои скондиновӣ, айберӣ, яъне Испониё ва Португал мавҷуд буд. Ҳоло кишварҳои собиқ шӯравӣ, кишварҳои Югославии собиқ, ҳамчун эътилофи Болкан ба ҳамдигар овоз медиҳанд."
Дар озмуни имсола инчунин як эътилофи кишварҳои туркзабон ё мусулмон низ зоҳир шуд. Чунончи, Туркия ва Озарбойҷон беҳтарин баҳоро ба ҳамдигар доданд ва Албания низ аз онҳо ҳимоят кард.
Терри Воган, ки чандин бор аз муҷриёни озмуни Eurovision буд, мегӯяд, бадбахтона, ин озмун на пайвандгар, балки тафриқаандоз шуда, деворҳои нави оҳанинро ба миён меорад.
Аммо мухолифони ӯ мегӯянд, ин беҳтарин саҳнаест, барои кишварҳои кӯчак, ки худро муаррифӣ кунанд ва агар дар фарҳанг чизе ба даст наоварданд, лоақал сайёҳони наверо ба кишвари худ фаро хонанд.
Пажӯҳишгари фаронсавӣ, Филип Ле Гурн навиштааст, ин имконияти хубест барои кишварҳои хурд, ки кишварҳои бузургро шикаст дода, бузургманиширо дар Аврупо рӯ ба коҳиш оранд. Аммо пирӯзии Русия ин хулосаро рад мекунад ва нишон медиҳад, ки доштани муҳоҷирон ё ҳамватанони собиқи зиёд дар кишварҳои дигар, низ метавонад, мояи пирӯзӣ дар озмун гардад. Ва ҳам харҷи зиёд низ. Барои таҳияи суруди Билан ба навиштаи матбуоти Русия зиёда аз 1 миллион евро харҷ шудааст.
Ва аммо ҳунар. Аз оғоз то анҷом як тарона баҳои мусбати аксари кулли кишварҳоро ба даст овард, ки аз хонандаи юнонӣ Каломира буд ва дар марзи мусиқии Ғарбу Шарқ сохта шудааст. Ин тарона зоҳиран бо сиёсатгароии камтар муддати зиёде дар озмун пешсафӣ дошт, аммо баъдан шикаст хӯрд.
Дар озмун ба ғайр аз Русия ва кишварҳои соҳили Болтик, Арманистон, Беларус, Гурҷистон ва Озарбойҷон низ ширкат доштанд ва аз Русия пуштибонӣ карданд.