Нархи нафт рекорди нав гузошт

Имрӯз дар бозори Ню Йорк нархи нафт рекорди нав гузошт. Рӯзи сешанбе барои як баррел ва ё як бушка нафти хом 129,58 доллари амрикоӣ медоданд. Ин қимат дар муқоиса бо соли гузашта ду баробар бештар аст. Яке аз сабабҳои болоравии нархи нафт доллари заиф унвон дода шудааст.