Собиқ президенти Фаронса Жак Ширак ба гирифтани ҷоизаи давлатии Русия "барои дастовардҳои башардӯстона" муваффақ шуд. Бо фармони президенти Русия, ки имрӯз имзо шудааст, Ширак ҳамроҳ бо 9 шахсияти маъруфи Русия рӯзи 12-уми июн дар Кремл ҷоиза мегирад. Ширакро дар Русия эҳтиром мекунанд. Ӯ дар ҷавонӣ достони "Евгений Онегин"-и шоири рус Александр Пушкинро ба забони фаронсавӣ тарҷума кардааст. Ҷоизаи давлатии Русия ба 5 миллион рубли русӣ ё худ 210 000 доллари Амрико баробар аст.