Ва аммо мӯъҷиза ҳанӯз ҳам рух медиҳад - рӯзи якшанбе наҷотбахшон аз зери овори як бинои валангор ду занро берун карданд ва инро расонаҳои маҳаллӣ чун хуштарин паёми чанд рӯзи ахир арзёбӣ намуданд.
Ба иттилоъи расмӣ, теъдоди қурбониёни заминларзаи Чин ба тақрибан 32 ҳазору 500 нафар расидааст ва аммо ҳадс зада мешавад, ки рӯйхати ниҳоии қурбониён беш аз 50 ҳазор ному насаб иборат хоҳад буд. Айни ҳол ҳудуди 9 ҳазор нафар дар зери овори биноҳо ва ҳазорҳо нафари дигар беному нишонанд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи хабаргузории Синхуа, бар асари сел беш аз дусад тан аз наҷотбахшон ба ҳалокат расиданд. Ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки гурӯҳҳои наҷотбахш дар вазъи сангини боришоти пайдарпай ба рафъи оқибатҳои заминларза машғул буданд.
Рӯзи душанбе дар майдони Тиананмени Пекин маросими видоъ бо қурбониён баргузор шуд ва ширкаткунандагон мегуфтанд, ки ин фоҷиаи ҳама мардуми кишвар аст. Як сокини пойтахт ба хабаргузории Рейтер гуфт, “вақте аз тариқи телевизион одамон ва ба вижа кудакони маҷрӯҳро медидам, мехостам аз дард фарёд бикашам”. Дигар сокини Пекин, ки солҳои пеш дар мавзеъи Ҳандани вилояти Ҳебей мезист, мегӯяд: «Ман имрӯз бо қабли пурдард ба ин ҷо омадам. Ман мехоҳам бигӯям, азияти осебдидагони заминларза ва сарбозонеро, ки он ҷо кумак мерасонанд, дарк мекунам. Ман наметавонам инро бо сухан баён намоям. Онҳо дар вазъи сангин кор мекунанд ва одамон сахт ранҷ мекашанд. Ман умедворам, ки онҳо ба зудӣ метавонанд манзилҳоро барқарор кунанд».
Ба иттилоъи расмӣ, бар асари заминларзаи рӯзи 12 май тақрибан 5 миллион нафар бехонумон шудаанд. Имрӯз Чин аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки ба кишвар ҳарчӣ бештар хайма фиристанд, то осебдидагонро бо макони зисти муваққат таъмин намоянд.
Ҷомеъаи ҷаҳонӣ собит кард, ки дар баробари фоҷиаи мардуми Чин бетафовут нест. Ба иттилоъи Пекин, кишварҳои гуногун ба мардуми осебдида ба маблағи 860 миллион доллар кумак кардаанд, аз ҷумла, ҳавопаймоҳои низомии Иёлоти Муттаҳида бевосита ба маҳали офат кумак бурданд. Чанд кишвар ба хотири наҷоти осебдидагон ва пайдо кардани афроди зиндамонда аз зери овор гурӯҳҳои наҷотбахши худро ба Чин фиристоданд.
Дар Чин барои се рӯз мотами миллӣ эълон шудааст. Бо қарори ҳукумат намоишҳои фароғатӣ аз барномаҳои телевизион берун карда шуданд. Рӯзномаҳо се рӯзи оянда фақат бо ранги сиёҳу сафед нашр хоҳанд шуд. Ҳамчунин идомаи раҳпаймоӣ бо машъали олимпӣ дар Чин барои се рӯз мавқуф гузошта шудааст.
Ва дар ҳамин ҳол аз идомаи заминларза дар бархе манотиқи ҷанубу ғарбии Чин хабар мерасад. Рӯзи якшанбе заминларзаи такрорӣ дар шаҳри Янгҷоуи Сичуан мунҷар ба ҳалокати се кас ва ҷароҳат бардоштани тақрибан ҳазор нафари дигар гардид.