Имрӯз дафтари чаҳор рӯз пеш аз тарафи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ басташудаи Ҳизби демократи Тоҷикистон дубора боз гардид.
Чунон ки иттилоъ дода будем, 16-уми майи соли ҷорӣ аз ҷониби иҷрокунандаи судии додгоҳи мазкур дари дафтари ҷиноҳи М. Искандарови Ҳизи демократи Тоҷикистон муҳр ва баста шуда буд. Иҷрокунандаи судӣ Ғанӣ Назаров шарҳ дод, ки басташавии дафтари ҳизб бар асоси қарори марбути додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури пойтахти кишвар сурат гирифтааст.
Чунонки хабарнигори родиюи «Озодӣ» хабар медиҳад, баъди аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Сомонӣ ба Додгоҳи олии Тоҷикистон шикоят бурдани раёсати ҷиноҳи М. Искандарови ҲДТ субҳи имрӯз дафтари он бо қарори додгоҳи олӣ аз нав кушода шуд.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз чор рӯз пеш бо қарори додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе ҷониби Искандарови ҳизб маҷбур шуда буд шаҳодатномаи бақайдгирӣ ва муҳри расмии ҳизбро ба Масъуд Собиров, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Тоҷикистон расман раиси ҲДТ шинохта шудааст, таҳвил бидиҳад.
Бо вуҷуди ин, қарор шудааст, ки то замони ҳукми ниҳоии додгоҳи олии кишвар ҷиноҳи М. Искандаров метавонад дар дафтари асосии Ҳизби демократи Тоҷикистон кор карда, ба фаъъолияти сиёсӣ идома диҳад.
Садорати ҷиноҳи Искандарови ҲДТ тасмим гирифтааст, ки дар сурати нисбати онҳо ҳукми манфӣ содир намудани Додгоҳи олии Тоҷикистон ҷиҳати ҳимояти худ ба додгоҳҳои байнулмилалӣ шикоят баранд.