Парвандаи Парвизи ҷавон бознигарӣ мешавад

Додгоҳи таҷдиди назаре дар Кобул рӯзи 18 май баррасии парвандаи ҳукми марги хабарнигори ҷавонро то як ҳафтаи дигар ба таъвиқ андохт.

Сайёд Парвизи Комбахш моҳи январ барои тавҳин дар ҳақи Ислом тавассути нашри матлабе, ки мавзӯи бисёрҳамсариро дар миёни мусулмонҳо зери суол мебарад, ба марг маҳкум шуда буд. Худи хабарнигор ин гуна иттиҳомотро пайваста рад кардааст ва рӯзи 18 май ҳам дар ҷараёни мурофиаи нахустини алании худ, ки ду соат тӯл кашид, ба бегуноҳии худ таъкид кард. Парвизи Комбахш гуфт:

"Ман, ба унвони як инсон ва мусулмон, ҳеҷ гоҳ ба худ иҷозат намедиҳам, ки дар ҳақи Ислом иҳонат кунам. Иттиҳомоте, ки ба ман нисбат дода шудааст, дур аз ҳақ аст, ботил аст, ва ман ҳеҷ намефаҳмам, ки чаро ин мавзӯъ ба ман нисбат дода шудааст".

Қозии додгоҳ Абдусалом Қоризода рӯзи 18 май гуфт, бо сабаби адами омодагии ҳайати вакилони оқои Комбахш ба ин мурофиа, он рӯзи якшанбеи оянда аз сар гирифта хоҳад шуд.

Моҷарои Комбахш ним соли пеш шурӯъ шуд, вақте додгоҳе дар Балх, маҳалли зист ва таҳсили ӯ дар риштаи рӯзноманигории донишгоҳи маҳаллӣ, вайро барои нашри матлаби тавҳиномез дар ҳақи Ислом муттаҳам донист. Матлаби мазкур, ки ба қавли оқои Комбахш, марбут ба як муаллифи эронии сомонаи интернетӣ будааст, боиси ба ҳукми эъдом маҳкум шудани ин ҷавон шуд. Аммо хабарнигорони маҳаллӣ ва хориҷии фаъол дар Афғонистон аз ҳукми додгоҳи Балх ва сарнавишти оқои Комбахш шадидан нигарон шуда аз раиси ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзай хостори мудохила ба ин қазия шуданд.

Рӯзи 18 май, Боб Диетс, ҳамоҳангсози барномаҳои осиёии Кумитаи дифоъ аз журналистон, тасмими ба бознигарӣ фиристода шудани парвандаи оқои Комбахшро истиқбол кард. Вай изҳори умедворӣ кард, ки дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ журналисти ҷавон сафед хоҳад шуд. Дар айни замон, Боб Диетс гуфтааст, дар сурати раҳоии Парвизи Комбахш аз зиндон, аз ҳаёт ва амнияти вай дар Афғонистон ташвиш дорад.