Дар як соли ахир беш аз 80 арзу шикояти хабарнигорони расонаҳои водии Вахш ба қайд гирифта шудаастаст.
Дар ҳамин ҳол, 65 дарсади додхоҳон аз Анҷумани миллии расонаҳои мустақил асосан хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ будаанд. Дилором Маҳкамова, мудири бахши Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар Хатлон, мегӯяд: «Аз мухбирони нашрияҳои ноҳиявӣ бисёр вақт шикоятҳо мерасанд, ки барои нашри матолиб дар рӯзномаи маҳаллии ҳукуматӣ ба сурати катбӣ иҷоза ва мувофиқаи ҳукумати маҳаллӣ бояд дарёфт шавад. Ин, албатта, ба назари мо, як навъи сонсур аст. Тибқи қавонини кишвар ҳар кас дар Тоҷикистон ҳуқуқи баёни озоди андеша ва нашри матлаб дорад…»
Дилором Маҳкамова, мудири бахши Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар Хатлон, афзуд, дар зарфи як соли ахир созмони мазкур ҳамзамон 7 мавриди содир шудани ҷиноят алайҳи фаъъолияти хабарнигорони водии Вахшро мушоҳада кардааст, ки ин рақам барои як кишвари демократӣ ва ҳуқуқбунёд бояд бисёр нигаронкунанда арзёбӣ шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки журналисти мустақил Моҳшариф Қурбонзода, ки ба иддаои Анҷумани миллии расонаҳои мустақил, дар соли гузашта чанд дафъа мавриди таъқибу фишори мақомот қарор гирифта буд, мегӯяд, ба дурустии гузоришҳои созмони мазкур дар мавриди нақзи ҳуқуқи хабарнигорон дар Хатлон эътимоди комил надорад: «Ростӣ, бисёр хандаовар аст, ки дар 51 маврид аз 81 маврид журналистони расонаҳои давлатӣ аз нақзи ҳуқуқи худ ба Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон шикоят бурдаанд. Хабарнигорони расонаҳои ҳукуматӣ дар дастрасӣ ба иттилоъ ҳеҷ мушкил надоранд ва нахоҳанд дошт. Маъмулан, ҳар ончи дар ҷаласаҳои ҳукуматӣ гуфта мешавад, нашрияҳо ва радиову телевизиони давлатӣ онро бидуни шарҳу тафсир пахш мекунанд ва нақши танҳо сухангӯи ҳукуматро иҷро мекунанд. Аммо, агар журналистони расонаҳои мустақил аз мушкилоти рӯзгор ва ҷомиъа ҳарф бизананд, ҳукумат фаъъолияти онҳоро таҳти назорат гирифта, гоҳе дар корашон мавонеъ эҷод мекунад…»
М. Қурбонзода ҳамчунин гуфт, ки Анҷумани миллии расонаҳои мустақил дар амри дифоъ аз ҳуқуқи хабарнигорони расонаҳои ғайриҳукуматӣ кори муассире анҷом наметавонад бидиҳад.
Аммо ба назари таҳлилгарон, бо ин вуҷуд ки дар минтақаи Қурғонтеппаи устони Хатлон теъдоди расонаҳои ғайриҳукуматиро бо ангуштони танҳо як даст метавон шумурд, бархӯрди ҳукумат бо васоити ахбори умум яксон нест. Ҳарчанд қавонини кишвар тартиби пешниҳоди хабарро ба расонаҳо муқаррар накардааст, мақомоти давлатӣ ҳама гуна иттилоъро нахуст дар ихтиёри телевизиони давлатӣ ва ожонси миллии иттилоъотии «Ховар» мегузоранд. Журналистони расонаҳои ғайриҳукуматии маҳаллӣ ҳамчунин мегӯянд, на ҳамеша онҳоро ба нишасту бархостҳо даъват мекунанд ва гоҳе ҳам ҳатто онҳоро аз дарҳо берун мекунанд.
Аммо Орзуи Карим, хабарнигоре, ки дар як замон ҳам бо телевизиони давлатии Хатлон ва низ бо радиоҳои мустақил ҳамкорӣ дорад, иқрор мекунад, ки аксари вақт мақомоти давлатӣ миёни расонаҳои ҳукуматӣ ва ғайриҳукуматӣ фарқгузорӣ мекунанд: «Ман аз чандин рӯзноманигорон метавонам мисол биёрам, ки барои дарёфти ҳатто одитарин хабар онҳоро ба ҳукуматҳои маҳаллӣ роҳ надодаанд. Шояд ҳукуматдорон аз ифшои камбудиҳо ва навоқиси кори худ меҳаронсад, ки бештар аз журналистони расонаҳои ҳукуматӣ истиқбол мекунанд…»