“Ҷигари модарон хун мешавад. Вай ҳамеша дар пеши назари ман аст, дилу ҷигари модар барои фарзанд об мешавад, лекин илоҷ надорем, зеро агар ҳамон тараф (Русия) нараванду як танга кор накунанд, рӯз намегузарад. Илоҷ нест, модарон ҳам маҷбур мешаванд, тоқат кунанд. Ин ҷо кор нест, фақат як бозор мешинӣ, ё шофёрӣ мекунӣ, дигар чӣ кор мекунӣ, агар ҳамон ҳам аз дастат биёяд. “
Холаи Саида зоҳиран назар ба дигар модарони тоҷик хушбахттар аст, зеро фарзандаш дар Русия танҳо нест ва касе дорад, ки дар бараш бошаду дар кораш ва ҳангоми сахтиҳо кӯмак кунад. Вале бо вуҷуди ин ӯ ҳамвора дар ёди ҳамон фарзандаш аст: “Ман ҳамеша дар ёдам меояд, ки ҳамон бача чӣ кор кард, ягон ҷояш дард кард. Аммо хайрият фарзанди ман дар он ҷо зану фарзанд дорад, ҳамсараш зани бисёр хуб аст ва хушдоманаш ҳам. Аз аҳволаш нигаҳбонӣ мекунанд, аз ҳамин хотир дили ман камтарак пур аст.“
Холаи Саида мегӯяд, достонҳои зиёде доир ба модарони дигар шунидааст, ки аз фироқи фарзанд бемор шуда ва чашм ба роҳи ҷигарбанди худ ҷон додаанд:
“Модар ногаҳон бемор мешавад, меафтад, аз чӣ сабаб аст. Модарон пеш ба ин андоза зиёд касал намешуданд. Барои он ки ёди фарзанд мекунанд, зиқ мешаванд, сил мешаванд. Ҳар лаҳза ба ёд меоранд, ки фарзанди ман дар он мусофирӣ чӣ кор кард, дар куҷо хоб рафт, дар куҷо монд. Бо ҳамин гуна хаёлҳо модар бемор мешавад ва яку якбора мебинӣ, ки дилаш зад, ё ки фишори хун шуд ва мурд. Ин гуна ҳодисаҳо бисёр шудааст.”
Ҳарчанд модарон одатан муболиға мекунанд, аммо мавориди зиёди таҳти шиддати равонӣ бемор шудани аъзои хонаводаҳои муҳоҷирон дар Тоҷикистон мушоҳида шудааст. Замира, бонуи чиҳилсолаи тоҷик, аз ноҳияи Кӯйбишев, ки шавҳару писараш дар Русия кор ва аҳли хонаводаро таъмин мекунанд, мегӯяд, аз фироқи онҳо бемор шудааст:
“Рости гап ман ман давленӣ (фишори хун) шудаам, зеро ниҳоят зиёд зиқ мешавам. Фарзанд вақте ки дур аст, ҳар дақиқа фикр мекунӣ, ки ӯ дар куҷо бошад, чӣ кор мекарда бошад, сиҳатиш чӣ гуна бошад.»
Аммо танҳо худи Замира ғусса намехӯрад, ӯ мегӯяд, тамоми аҳли хонавода ин ҳолатро доранд:
“Аз ҳама хурдиамон синфи чаҳорум мехонад. Гиря мекунад, баъзе рӯзҳо падарам нест ва зиқ шудам мегӯяд, ҳарчанд телефонӣ бо ҳам гап мезанем.”
Аммо муҳоҷирати падари хонавода на танҳо ба ҳолати аъзои хонавода таъсири манфӣ мерасонад, балки сохтори суннатии хонаводаи тоҷикро низ вайрон мекунад. Яъне, тамоми кор ба ӯҳдаи модар меафтад, ки ӯ ба танҳоӣ қодир ба умури идораи як хонаводаи бузург ва ҳазорон кори дигари кӯчак нест. Замира мегӯяд: “Вақте дар хона мард нест, албатта мушкил аст, зеро тамоми кори зиндагӣ ба дӯши ман меафтад.“
Замира мегӯяд, танҳо орзуяш ин аст, ки ҷойи кор дар Тоҷикистон бештар шавад ва хонаводаҳои тоҷик паҳну парешон ва ҳамеша зери фишори равонӣ набошанд. Аммо ин орзуест, ки ба гуфтаи бисёре аз коршиносон ва эътирофи худи ҳукумати Тоҷикистон, ба зудӣ амалӣ нахоҳанд шуд, зеро кишвар қодир нест, ки дар солҳои наздик барои лашкари афзояндаи ҷавонон ҷойҳои кории муносиб таъсис диҳад. Аз ин хотир дуои холаи Саида дигар аст:
“Ман фақат дуо мекунам, ки дар ҳамон мусофирӣ, ки ҳам бошад, ин ҷо биёяд рӯзаш намегузарад. Акнун дар мусофирӣ, ки одат кардааст, дигар дуо мекунем, ки Худои таъоло пушту паноҳаш бошад. Дигар илоҷе мо надорем. Фақат ман дуо мекунам, шабу рӯз, ки Худои таъоло фарзанди маро дар паноҳаш нигаҳ дорад.»
Матбуоти Тоҷикистон тақрибан ҳар рӯз гузориш медиҳад, ки муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ин кишвар миллионҳо доллар фиристодаанд, ки барои иқтисоду таъмини зиндагии мардуми камбизоат ниҳоят муҳим аст. Чанде пеш ҳатто Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт, ки шояд имсол муҳоҷирони корӣ аз Русия тақрибан 2 миллиард доллар ворид кунанд, ки Тоҷикистони фақир мисли одами ташна барои об мӯҳтоҷи он аст. Воқеан, таъсири мусбати муҳоҷирати корӣ ба вазъи зиндагии мардуми Тоҷикистон ниҳоят зиёд аст ва ин ҳақиқатест радношуданӣ, зеро бисёре аз хонаводаҳо танҳо ба шарофати муҳоҷирон зинда ҳастанд ва рӯз мегузаронанд.
Муҳоҷират имконоти наву зеборо барои инсон боз мекунад, зиндагиашро беҳтар месозад, аммо баъзан ва дар қазияи Тоҷикистон аксар вақт сабаби фишори равонии аҳли хонавода ва бемориҳои мухталифи онҳо мешавад, ки аз он на танҳо як ду хонавода балки тамоми ҷомеа ранҷ мебаранд.