Боздошти террористи эҳтимолии тоҷик

Як шаҳрванди 20-солаи Тоҷикистон ба ширкат дар омодасозии ҳамлаи худкушона дар Форёби Афғонистон айбдор мешавад.
Хадамоти амнияти Афғонистон мегӯяд, аз як таркиши худкушона, ки ҳадафи эҳтимолии он сарбозони Дания дар Форёб будаанд, пешгирӣ кардааст. Ба гуфтаи ин манбаъ мошини мамлӯ аз маводи таркандаро мебоист як шаҳрванди Тоҷикистон инфиҷор медод.

Дар изҳороти Раёсати хадамоти амнияти миллии Афғонистон дар Мазори Шариф, пойтахти вилояти Балх, омадааст, ки мошини саршор аз маводи мунфачира дар шоҳроҳи байни Мазори Шарифу Шибирғон кашф ва ду сарнишини он боздошт шудаанд.

Яке аз онҳо -- Ҳамза валади Усмон, худро шаҳрванди Тоҷикистон номидааст, ки 20 сол пеш дар Карочии Покистон зода шуда, дар мадрасаи динии "Ҳаққония"-и Хаттак таҳсил кардааст.

Ҳамза инчунин иқрор кардааст, ки маводи мошинро шаҳрванди Покистон Заъифуллоҳ дар Вазиристони Покистон таҳия карда, афроде онро ба Кобул расондаанд ва Ҳамза бо шарикаш -- Абдулмаъруф, машҳур ба "Мулло Сайфиддин" сокини вилояти Тахор, ки солҳои охир дар Пешовар мезистааст, мошинро бо 200 килограм маводи тарконанда, чаҳор батрии барқӣ ва як дурбини видео дар Кобул аз ӯ гирифтаанд.

Сухангӯи раёсати хадамоти амнияти миллии Афғонистон дар Мазори Шариф, Саид Ансорӣ гуфтааст, вазифаҳо дар байни ин ду боздоштшуда ба гунае қисмат шудаанд, ки Ҳамза мебоист мошинро мунфаҷир мекард ва Абдулмаъруф ин ҳодисаро ба навори видео мегирифт. Навор баъдан мебоист ба Заъифуллоҳ дар Вазиристон расонда мешуд.

Коршиносон дар Афғонистон эҳтимоли ширкати ҷавонони тоҷикистониро дар гурӯҳҳои мухталиф ва аз ҷумла аъмоли ситезаҷӯёна рад намекунанд. Дар гузашта низ чунин афрод дар Покистон ва Афғонистон боздошт шудаанд. Бархе аз онҳо атфоли замони ҷанги шаҳрвандӣ мебошанд, дар соли 1992 ҳамроҳи аҳли оила ба Афғонистон паноҳ бурда, баъд аз истиқрори сулҳу оштӣ ба ватан барнагаштаанд. Аммо Ҳамза валади Усмон, ки мегӯяд, дар Покистон зода шудааст, метавонад намояндаи насли дувуми онҳо бошад.

Бархилофи изҳороти соли 1997-и Иттиҳоди оппозисюни тоҷик, ки дар Афғонистон ва Покистон аз атфоли паноҳандагони собиқ касе намондааст, хабарнигорони хориҷӣ борҳо аз наврасони бесарпарасти тоҷик дар мактабҳои динии Покистон гузориш додаанд.

Ва муовини консулгарии Тоҷикистон дар Мазори Шарифи Афғонистон, Абдулфайз Атоев ба радиои Озодӣ гуфт, мақомоти давлатии Афғонистон дар бораи ин ҳодиса ба намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар ҳанӯз иттилоъ надодаанд.