Маркази байнулмилалии тиҷорат барои нахустин бор дар Тоҷикистон давраи вижаи омӯзишӣ барои бозрасони молии аршади кишвар оид ба меъёрҳои ISO 9000-ро шурӯъ кардааст.
Ин давраи омӯзишӣ дар доираи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» доир мегардад ва имкон фароҳам меорад, то намояндагони бахши хусусӣ, сохторҳои марбутаи давлатӣ ва ниҳоду ширкатҳои хидматрасон бо асос ва усулҳои роҳандозии низоми мудирияти сифат мутобиқ ба меъёри байнулмилалии мавсум ба ISO 9000 шинос шаванд. Ширкатдорони давраи омӯзишӣ, дар сурати муваффақона супоридани имтиҳони хаттӣ соҳиби гувоҳномаи байнулмилалии ширкати бритониёии “Найҷел Бауэр энд Ассошиэйтс” хоҳанд шуд ва бо ин гувоҳнома метавонанд тӯли се сол аудити корхонаҳои истеҳсолиро бар уҳда гиранд.
Намояндагии Маркази байнулмилалии тиҷорат (ITC) дар Тоҷикистон бар инанд, ки маҳсулоти аз тарафи корхонаҳои коркарди мева ва сабзавоти ин кишвар истеҳсолшаванда ба меъёрҳои байнулмилалии бехатарӣ ва сифати озуқа ҷавобгӯ нестанд ва дар бозори ҷаҳонӣ низ қобили рақобат намебошанд.
Саидмуъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байнулмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки роҳандозии талаботи меъёри ISO 9000 имкон медиҳад, то мудирияти корхона танзим шуда, он ба ҳосилнокии кор ва рушди муназзами корхонаҳо мусоъидат кунад. Оқои Камолов афзуд, барои нахустин бор аст, дар ҳоле ки пас аз фурӯпошии Шӯравӣ корхонаҳо дар Тоҷикистон аксаран бо сифати паст мол истеҳсол мекунанд ва давлат наметавонад таркиб ва кайфияти маҳсулоти корхонаҳоро бозрасонӣ кунад, давраи омӯзишии онҳо аудиторон ё бозрасонони сифатро тибқи меъёри байнулмилалӣ омода мекунанд. Намрата Вакҳалу, як масъули Маркази байнулмилалии тиҷорат, низ мегӯяд, бо ҷорӣ намудани низоми нави мудирияти бехатарии маҳсулот корхонаҳои Тоҷикистон манфиъатҳое хоҳанд бардошт, аз ҷумла, риъоят гардидани меъёри ISO 9000 эътимоди харидор ва шариконро ба маҳсулоти корхона бештар намуда, барои боло бурдани имиҷи корхона мусоидат мекунад. Ӯ ҳамчунин тазаккур дод, дар ҳоле ки Тоҷикистон талош дорад ба узвияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат пазируфта шавад, ингуна рушди иқтисодро бидуни аудити корхонаҳо тасаввур кардан ғайриимкон аст ва ин ҳам: “Фикр мекунам, барои Тоҷикистон дар ҳоли ҳозир аудити сифат зарур аст, чунки Тоҷикистон ҳамчун як ҷузъи ҷомиъаи ҷаҳонӣ дари худро ба рӯи кишварҳои хориҷӣ боз кардааст. Ҳоло ба корхонаҳои Тоҷикистон фурсати муносиб аст, ки ба аудити сифати маҳсулоти худ аҳаммият диҳанд ва бо ин роҳ ба беҳтар намудани сифати моли худ ноил шаванд”.
Бархе аз коршиносон бар ин назаранд, ки соҳаи коркарди мева ва сабзавот дар Тоҷикистон аз соҳоти афзалиятнок аст ва Тоҷикистон имкони содир намудани ин анвоъи маҳсулотро ба хориҷ аз кишвар дорад.
Ин дар ҳолест, ки, ба гуфтаи масъули корхонаи Тоҷикстандарт давлати Тоҷикистон Зулфия Ёдгорова, то ҳанӯз бар тибқи низоми бозмонда аз Шӯравӣ мол истеҳсол мекунад ва ин меъёр аксаран дар кишварҳои собиқ Шӯравӣ пазируфта мешаваду тамом.