Бозиҳои варзишии занони Тоҷикистон бахшида ба Соли олимпӣ бо пирӯзии дастаи мунтахаби шаҳри Душанбе хотима ёфт.
Даври ниҳоии ин бозиҳо тӯли 5 рӯз бо ширкати беш аз 400 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон, Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва водии Рашт дар 5 риштаи варзиш – баскетбол, волейбол, варзиши сабук, тенниси рӯимизӣ ва шатранҷ дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Ваҳдат идома кард.
Дастаи мунтахаби пойтахти кишвар бо касби 26 медал (13 – тило, 7 – нуқра ва 6 - биринҷӣ) ғолиби ин бозиҳо гардид. Тими ғолиб, аз ҷумла, дар риштаи варзиши сабук 11 медали тило ба даст оварда, оид ба шатранҷу баскетбол низ ҷойҳои аввалро соҳиб шуд.
Дастаи вилояти Суғд бо 20 медал (6 – тило, 8 – нуқра ва 6 – биринҷӣ) дар ҷои дувум қарор гирифт. Тими тенниси рӯи мизи ин вилоят дар ҳисоби даставӣ ҷои аввалро ба даст овард. Дар рақобатҳои инфиродӣ низ теннисбози маъруф Зулфинисо Саидолимова (Хуҷанд) пирӯз гардид. Вай дар сабқати ниҳоӣ бар қаҳрамони порсолаи Тоҷикистон Екатерина Ишенко (Ҳисор) ғалаба кард.
Дастаи мунтахаби шаҳру навоҳии тобеъи марказ бо касби 7 медал (1 – тило, 2 – нуқра ва 4 – биринҷӣ) соҳиби ҷои севум гардид.
Дастаи Вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар риштаи волейбол мақоми аввалро касб кард.
Ба гуфтаи масъулини Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, мақсади баргузор шудани Бозиҳои варзишии бонувон ҳарчи бештар ҷалб намудани занону духтарон ба машғулиятҳои варзишӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва интихоби беҳтарин варзишгарон ба ҳайъати дастаҳои мунтахаби кишвар буд.