Фоҷиъа дар Рӯзи Ғалаба

Ҳангоми ҷашни ин ид дар боғи Ғалабаи Душанбе як мошини пулис гурӯҳе аз одамонро пахш кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, дар натиҷаи ба рӯи тудаи ҳозирин ҳаракат кардани мошини пулис бо тамғаи ВАЗ-2107, 20 нафар зарар дида, 5 нафар сахт захмӣ ва ба беморхона интиқол дода шудаанд. Гуфта мешавад, дар байни зарардидагон кудакон ва ҳамчунин иштироккунандагони Ҷанги Бузурги Ватанӣ низ будаанд.

Намояндаи Шуъбаи корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе сабаби ин фоҷеаро ногаҳонӣ аз кор мондани чамбари мошин ва аз уҳдаи идораи он набаромадани ронанда номидааст. Вале нақли шоҳидони ҳодиса ин ривоятро зури суол мебарад. Ба гуфтаи онҳо, ронанда аз дур бо суръати баланд ҳаракат мекардааст ва барои огоҳсозии тудаи мардум аз хатар садое баланд накардааст.

Ба иттилоъи Бозрасии давлатии автомобилии шаҳри Душанбе, мошини мазкур ба ҷонишини раиси Шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Душанбе тааллуқ дорад. Дар робита ба қазия парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ шудааст.