Боздошти 2 ҷосуси эронӣ дар Афғонистон

Мақомоти Афғонистон эълом намуданд, ки дар назди муассисаҳои низомии кишвар ва NАТО ду шаҳрванди Эрон бо гумони ҷосусӣ боздошт шуданд.
Хадамоти амниятии Афғонистон ҳамчунин 10 километр дуртар аз марз бо Эрон дар вилояти Ҳирот махфигоҳи бузурги силоҳро кашф ва мусодира намуд. Мақомот ҳадс мезананд, ки шояд ин силоҳ аз Эрон барои Толибон фиристода шудааст. Ба гуфтаи Раҳматуллоҳ Сафӣ, раиси нерӯҳои марзбонӣ дар манотиқи ғарбии Афғонистон, бахши аъзами силоҳи мусодирашуда тавлиди Эрон аст.
Ғулом Дастагири Озод, волии вилояти Нимрӯз, ба Радиои Афғонистон Озод дар шарҳи боздошти як шаҳрванди Эрон мутазаккир шуд, ки “ӯ дар ҷайб аснод ва аксҳое дошт, ки робитааш бо мусаллаҳони зиддиҳукуматиро исбот мекунад”. Волии Нимрӯз афзуд, ки ба хотири пайдо кардани иттилоъи бештар ва эҳтимоли робитаи боздоштшуда бо ҳукумати Эрон тафтишот идома меёбад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷанубу шарқи Афғонистон, дар минтақаи ҳаммарз бо Покистон боз як шаҳрванди Эрон дастгир шуд, ки барои таҳияи ҳамла ба нерӯҳои амниятии Афғонистон ва НАТО иттилоъ ҷамъ меовард. Вазир Почо, ёвари раиси пулиси вилояти Хӯст, ба хабаргузориҳо гуфт, ки “боздоштшуда бо худ шиноснома ё санади дигаре надошт ва дар аввал худро маризи рӯҳӣ тамсил кард”.
Ва аммо, ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни бозпурсӣ ин эронӣ ба гуноҳаш иқрор шуда гуфтааст, ки харитаи муассисаҳои низомии Афғонистон ва НАТО дар Хӯст – минтақаи ҳаммарз бо Вазиристони шимолии Покистонро мураттаб мекард. Дар ҳамин ҳол, пулис сабти бозпурсӣ ва иқрори ин шаҳрванди Эронро дар ихтиёри хабарнигорон гузошт.
Ҳукумати Афғонистон то ҳанӯз боздошти ду муттаҳам дар ҷосусӣ ба манфиъати Эрон ва кашфи махфигоҳи силоҳро ташреҳ накардааст. Ва аммо Ричард Баучер, муовини Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи марказӣ ва ҷанубӣ, дар суҳбат бо хабарнигорон дар Париж изҳор кард, ки “Эрон аз роҳҳои гуногун ба умури Афғонистон дахолат мекунад, ҳарчанд ин дахолат чун дар Ироқ густарда нест”.
Баучер ҳамчунин гуфт, ки Эрон мехоҳад Афғонистони ҳамсоя кишвари заъиф ва ноором боқӣ бимонад, ба ин хотир, аз як сӯ, пуштибонии худ аз ҳукумати Ҳомиди Карзайро намоиш медиҳад ва аз сӯи дигар, Толибонро бо силоҳу лавозимоти низомӣ таъмин мекунад ва мақомоти маҳаллии афғонро ба аъмоли зидди ҳукумати марказӣ таҳрик медиҳад.