Хабарнигори «ТВ-Кӯлоб» - дар ҷои севвум

Давлаталӣ Шамсов, хабарнигори «Телевизиони Кӯлоб» дар дави марафонӣ бахшида ба ҷашни 63-солагии Рӯзи Ғалаба бар фашизм дар шаҳри Маскави Русия мақоми севвумро касб кард. Ин варзишгари 55-солаи тоҷик масофаи 42 километру 195 метрро дар муддати 4 соату 44 дақиқаву 33 сония тай намуд.