Рамазон Абдулатипов, сафири Русия дар Тоҷикистон, сарусадоҳо дар бораи ба сардӣ гаравидани равобити байни Русия ва Тоҷикистонро бепоя арзёбӣ кард.
Ин иддаъоро сафири Русия баъди бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз дувуним соат мулоқот карданаш ироъа намуд. Оқои Абдулатипов, аз ҷумла, гуфт, соли равон ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвар беш аз як миллиард долларро ташкил хоҳад дод, дар ҳоле, ки дар ду соли қабл ин рақам аз 400 миллион болотар набудааст.
Ба гуфтаи Р. Абдулатипов, сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои Тоҷикистон аҳаммияти муҳим дорад ва Русия бо дарназардошти ин аҳаммият бо ҳар роҳе, ки бошад ширкати худро дар бунёди ин нерӯгоҳ таъмин хоҳад кард: «Фикр мекунам, масъалаи ширкати Русия дар тарҳи эҳдоси нерӯгоҳи Роғун пӯшида нашудааст ва ин масъала чун пештара муассир аст. Русия метавонад дар он ё ба таври мустақим ё тавассути ширкатҳояш иштирок кунад. Ва ё ҳамроҳи Қазоқистон аз тариқи Бонки авросиёӣ, ки ҳазинаҳои он ҳамоно дар ихтиёри Русия ва Қазоқистон аст».
Сафир афзуд, ки бар изофаи чунин роҳҳои мушорикат Русия ҳамчунин метавонад бо ҷалби мутахассисон, гурӯҳҳои сохтмонӣ ва фанновариҳои худ дар ин тарҳ ширкат дошта бошад.
Аммо коршиносон ва соҳибназарони тоҷик бар самимияти ҳарфҳои Русия дар мавриди ширкаташ дар сохтмони нерӯгоҳи Роғун бо шубҳа менигаранд. Ба бовари ин коршиносон, Русия дар сурате дар он ширкат хоҳад кард, ки ҳадди ақалл 50 дарсади контроли онро дар ихтиёр бигирад.
Ширкати Русия дар бунёди нерӯгоҳи Роғун дар тирамоҳи соли 2004 дар ҷарараёни сафари президенти вақти ин кишвар Владимир Путин ба Тоҷикистон бо имзои як созишнома ба таври расмӣ эълом шуда буд. Аммо баъдтар ҷонибҳо дар сари наҳваи сохтмони ин нерӯгоҳ ба тавофуқ нарасиданд ва давлати Тоҷикистон ба таври якҷониба ин қарордодро лағв ва ба манзури бунёди нерӯгоҳи мазкур аз ташкили як консорсиуми байнулмилалӣ эълом кард.
Ахиран Э. Раҳмон дар паёми худ ба порлумони Тоҷикистон таъкид кард, ки давлат бо сармояи дохилии худ корҳои сохтмонӣ дар ин нерӯгоҳро мустақилона идома хоҳад дод, вале барои ҳар кишвар ва муассисоти молие, ки хоҳиши ширкат дар ин тарҳро доранд, низ дарҳо боз аст.