Дар посухи расмие, ки "Ҳерберт Смит" аз тарафи мизоҷаш, яъне "Талко" ба бахши тоҷикии Радиои Озодӣ фиристод, гуфта мешавад. “Талко чунин мешуморад, ки масорифи ҳуқуқӣ ва дигар хароҷоти марбута аҳамияти эҳёи саноати тавлиди алюминийи Тоҷикистонро инъикос мекунад ва ин як нархест, ки бояд барои эҳёи саноати муваффақи арзиз дар Тоҷикистон пардохта мешуд.“
Ба гуфтаи ширкати Талко ҳаққулзаҳмате, ки дар маврид дода мешавад, ҳаққи заҳмати мутахассисони зиёде мебошад, ки дар ин парванда саҳм гирифтаанд. Аз ҷумла мутахассисони мустақил дар умури қонунҳои Тоҷикистон, қавонини Русия, қонунҳои Швейтсария ва ҳамчунин муҳосибон ва мутахассисони бахшҳои мухталифи саноат.
Ин ҳаққулзаҳматҳо бар тибқи дақиқтарин ҳисобҳо дар ҷараёни такмили ин парванда, ки ҳамчунин муҳокимаи 14 ҳафтаинаро бо ширкати тахминан 11 додрас дар бар мегирад, таъйин шудаанд. Чанде пештар расонаҳои ғарбӣ гузориш доданд, ки ширкати ҳуқуқии "Ҳерберт Смит", ки дар баҳси додгоҳии ширкати "Талко" бо Аваз Назаров аз манофеъи ҳукумати Тоҷикистон ҳимоят мекунад, тақрибан 120 миллион доллар ҳаққи хидмат хостааст.
Ширкати "Талко" мегӯяд, ки раиси ширкати "Ансол" мутаалиқ ба Аваз Назаров шаҳрванди Тоҷикистон, вале сабти ном шуда дар ҷазираҳои Нормандия бо роҳи фиреб, қариб 500 миллион доллари Талкоро аз худ кардааст. Акнун Талко, ки аз тарафи ҳукумат идора мешавад, мехоҳад, ки ин пулро таввасути додгоҳ ба кисаи ширкат баргардонад. Ширкати "Ҳерберт Смит" се сол боз аз дар баҳсҳои додгоҳӣ дар Ландан аз манофеъи ширкати "Талко" ҳимоят мекунад.