Маъмулан чунин баёнияҳо ҳамчун як аломати пирӯзии андаки Гурҷистон арзёбӣ мешавад, чунки бо баҳонаи ин моҷароҳову таҳдидҳои Русия ба қаламрави Гурҷистон, Тифлис бори дигар зарурати дарёфти пуштибонии бештари кишварашро дар НАТО ва созмонҳои дигари ғарбӣ таъкид мекунад. Дар мусоҳибаи ахири худ бо хабаргузории Reuters, раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ аз ҷомеаи байналмилалӣ даъват кард, ки Маскавро ба ақибнишинӣ водор кунад.
То имрӯз Маскав ҳеҷ аломате барои кам кардани фишораш болои Тифлис нишон надодааст. Баръакс, тибқи тасмимҳои ахираш, равобитро бо Абхозистон ва ҳам ҷумҳурии ҷудоихоҳи дигари Осетияи Ҷанубӣ аз лиҳози тиҷоративу ҳуқуқӣ наздиктар мекунад. Ахиран, Маскав гуфт, ки ният дорад шумори нирӯҳои посдори сулҳашро дар қаламрави Абхозистон афзоиш диҳад. Ва дафъатан ин изҳороти мақомоти русӣ танқидҳои шадиди Аврупову Ғарб ва НАТО-ро ба бор овард, ки гуфтанд, бо вуҷуди қонунӣ будани чунин иддаоҳо, ин изҳорот дар асл хеле таҳрикбарангез аст.
Сергей Маркедонов, як коршиноси умури Қафқоз дар Маскав дар сӯҳбат бо бахши русии радиои Озодӣ гуфт, вақте ҳама ҷанҷолҳо паси сар мешавад, на Русия, балки Гурҷистон дар ҳолати ногувор қарор хоҳад гирифт:
"Муддатҳои дароз Гурҷистон мехост низоъҳои миёни Гурҷистону Абхозистон ва Гурҷистону Осетияро чун низои миёни Гурҷистону Русия ҷилва диҳад. Ҳамакнун Гурҷистон вазифаи худро дар ин мебинад, ки ин низоъро ба як низои миёни Ғарбу Русия табдил диҳад, ки худи Гурҷистон дар ин ҷо чун бахше аз Ғарб мавқеъгирӣ мекунад. Аз ҳамин хотир, ман ҳамкорони русиамро даъват мекунам, ки аз эҳтиёт кор гиранд, чунки бо натиҷаҳои пешбининашаванда вориди бозии дигарон шудан хуб нест ва ин роҳҳали хуб буда наметавонад. Ба назари ман, ин ҷо заминаҳои роҳандозии гуфтугӯҳои созанда вуҷуд дорад, ҳатто имкони муомила кардан бо намояндаҳои Аврупои куҳан вуҷуд дорад, чунки на ҳама аз рафторҳои Гурҷистон розӣ ҳастанд".
Аммо саволе, ки дар ин рӯзҳо аксарият медиҳанд, ин аст, ки чаро ин низои аз соли 1994 ба ин сӯ хобидаи миёни Абхозистону Гурҷистон имрӯз дубора зинда шудааст. Аксар шореҳон ба эълони якҷонибаи истиқлолияти Косово ишора мекунанд, ва мегӯянд, ки Маскав низои Абхозистонро мехоҳад чун василаи интиқомҷӯйӣ дар ин маврид истифода кунад. Яке аз онҳо Шалва Пичхадзе, раҳбари созмони "Гурҷистон ба самти НАТО" мебошад, ки дар Тифлис воқеъ аст. Вай мегӯяд:
"Пӯшида нест, ки Русия шадидан мухолифи ҳамоиши минбаъдаи Гурҷистон ба ҳайати НАТО мебошад. Ва яке аз василаҳои муассиртарине, ки дар дасти Русия боқӣ мемонад, ҳамон низоъҳои ҳалношудаи бахше аз қаламрави Гурҷистон мебошад. Аз ҳамин хотир ҳам, Русия талош дорад ба НАТО ва ҷомеаи ғарбӣ намоиш диҳад, ки Гурҷистон бо ин манотиқи ҷанҷолиаш тавони узвият дар НАТО ва дигар сохторҳои амниятии Аврупоро надорад".
Албатта ин ҷо андешаҳои дигаре ҳам ба гӯш мерасад, мисли оне, ки шореҳи масоили қафқозии радиои Озодӣ Лиз Фуллер баён кард. Вай гуфт, ки Русия бо дарназардошти характери раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва ин ки ӯ як раҳбари эҳсосотӣ аст, талош доранд пеш аз ҳама вайро асабонӣ кунанд. Ва, илова ба ин, бо иваз шудани раҳбарияти Русия баъди чанд рӯз, Маскав чандон ҳарос надорад, ки ин ҷанҷолҳо метавонад хеле амиқ равад. Дар айни замон, аксар таҳлилгарон ба инанд, ки эҳтимол аст ҳар ду ҷониб манфиатдори ба як низои мусаллаҳона кашондани ин ҷанҷол бошанд. Сергей Маркедонов гуфт, ки ин амали Русия аз ҷониби аъзои дигари ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд пуштибонӣ намеёбад. Барои Гурҷистон бошад, ҳама гуна ҷангҳову даргириҳои мусаллаҳона метавонад ба як фоҷеаи ҷиддӣ бадал шавад, гуфт вай.
Дар дохили Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ нафарони каме пайдо мешаванд, ки сидқан ба ин боваранд, ки фишорҳои ахири Русия бо ҳадафи ба расмият шинохтани истиқлолияти ин ҷумҳуриҳо афзун мешавад. Маскав, ки солҳои зиёд бо ҷудоихоҳиҳони Чеченистон муқобила мекунад, худ аз ҳама гуна андешаҳои ҷудоихоҳона ҳазар дорад ва эҳтимол аст, ки дар чунин маврид, ба меъёрҳои дугона даст занад, мегӯянд таҳлилгарон.