Гузориши Хонаи Озодӣ дар бораи ноозодӣ

Бадтарин поймолкунандаҳои озодии баён дар соли гузашта дар шумули давлатҳои мисли Бирмаву Куба, Либиёву Кореяи Шимолӣ дар ҷумҳуриҳои шӯравии пешин ҳам ошкор шудаанд: инҳо, ба қавли Крис Волкер, як масъули Хонаи Озодӣ - ҳам аз ҷиҳати ҳуқуқӣ, ҳам сиёсӣ ва ҳам шароити кори журналистон номусоидтарин муҳити корро барои хабарнигорон фароҳам овардаанд.

"Се кишваре, ки муҳити бадтарини саркӯбкунандаро дар ҷаҳон фароҳам овардаанд, дар қаламрави шӯравии пешин пайдо шуданд. Инҳо Туркманистон, Ӯзбакистон ва Беларус мебошанд".

Гузориши Созмони пажӯҳишгари вазъи матбуот дар саросари ҷаҳон - Хонаи Озодӣ ҳокист, ки ин се кишвари собиқ Шӯравӣ дар ҳеҷ як аз нишондодҳо пешрафт накарда, баръакс дар масоили мисли озори ҳуқуқии матбуот, маҳдудсозии кори расонаҳои мустақил ва эҷоди монеа дар озодии баён тавассути Интернет боз ҳам амиқтар рафтаанд. Крис Волкер дар робита бо вазъи Осиёи Марказӣ гуфт, ки дар ҳама ҷумҳуриҳо вазъи матбуот ба маротиб бадтар шуда, Хонаи Озодӣ ҳамаи ин кишварҳоро ноозод ва аз ҳамин ҷиҳат ҳам дорои шароити бадтар назар ба нишондодҳои соли гузашта арзёбӣ кардааст.

Аммо, ба андешаи Хонаи Озодӣ, намунаи ҳамаи, ба истилоҳ бадкориҳо дар ҳақи матбуот ва маҳдудсозии дастрасии хабарнигорон ба маълумот, бадрафторӣ бо журналистон - Русия буда метавонад. Ин кишвар ҳамоно ба самти поин қадам ниҳода, фазои номусоиди кор барои журналистонро аз лиҳози ҳуқуқиву сиёсӣ фароҳам овардааст. Ин ҷо ҳам сухан аз пайгарди қонунии садҳо журналистон меравад, мегӯяд гузориш. Дасти кам ду хабарнигори ин кишвар барои танқиди мақомот соли гузашта иҷборан ба дармонгоҳи амрози рӯҳӣ андохта шуданд. Инчунин, адами амнияти шахсии журналистон, таҳдиди қатлу куштор ва ё лату кӯби онҳо ҳамоно по бар ҷост. Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки назорати давлатӣ аз болои кори расонаҳо ҳамоно шадидтар шуда, чун мояи ҷиддии нигаронӣ арзёбӣ мешавад.

Аслан бояд гуфт, аз гузориши Хонаи Озодӣ бӯи нохушундӣ аз вазъи куллии озодии баён дар саросари ҷаҳон меояд ва таъкид мешавад, ки дар муқоиса бо солҳои пеш, нишондодҳои манотиқи мисли шӯравии пешин, Осиёву Африқо боз ҳам поинтар меравад. Тибқи пешгӯиҳо, омадааст дар гузориш, аксар пастравиҳо дар кишварҳои мисли Покистон, Гурҷистон ва Бангладеш, дар иртибот бо бӯҳронҳои сиёсиву саркӯбҳои матбуот дар ин кишварҳо дар соли гузашта мушоҳида шудааст.

Крис Волкер роҷеъ ба вазъи кулли кишварҳои ҷаҳон мегӯяд:

"Соли ҷорӣ, таҳқиқоти Созмони Хонаи Озодӣ аз назари вазъи матбуот 195 кишвари ҷаҳонро фаро гирифтааст. Аз инҳо 72 кишвар ва ё 37 дар сади онҳо чун давлатҳои озод арзёбӣ шуданд, 59 кишвар ва ё 30 дар сад чун кишварҳои қисман озод ва 64 давлат ё 33 дар сади куллия давлатҳои ҷаҳон чун ғайриозод баҳогузорӣ шуданд. Ин вазъ поинравии нишондодҳоро дар муқоиса бо соли гузашта ва пастравии куллиро дар муқоиса бо чанд соли гузашта намоиш медиҳад".

Алорағми ин ки ИМА ҳамоно дар миёни давлатҳои озод аз назари озодии баён қарор дошта, дар ҳамин самт гом мебардорад, Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки дар ин кишвар мушкилоте дар бахши ҳуқуқӣ мушоҳида мешавад. Масалан, гоҳо мақомот талош мекунанд, хабарнигоронро водор ба ошкор кардани манбаъҳои хабариашон кунанд. Дар ин кишвар, болоравии андаки мавридҳои ҳамлаи ҷисмонӣ болои матбуот, аз ҷумла як ҳодисаи куштор ва чанд мавриди таҳдиди журналистон ба қайд гирифта шудааст. Мавқеи ин кишвар дар соли гузашта як дараҷа поин рафтааст, мегӯяд гузориши Хонаи Озодӣ.

Муҳимтарин тамоюлҳои вазъи матбуот дар соли гузашта, аз нигоҳи ин созмон, ин аст, ки расонаҳои хабарӣ дар давлатҳои дучори бӯҳронҳову танишҳо нақши муҳим бозида, бо ҳамин сабаб, ҳам мавриди саркӯбу сонсур ва мудохилаи барзиёди веросторӣ шудаанд. Хушунат нисбати хабарнигорон ва озори ҷисмонии онҳо, фишор болои журналистони танқидгар бо истифода аз қонунҳо аз дигар тамоюлҳои барҷастаи соли гузашта гуфта мешавад. Ва аммо тамоюли нисбатан наву аз ин назар, то андозае мусбат - фаъолияти расонаҳои интернетиву нашри блогҳои хусусӣ ва телевизионҳои маҳвораӣ гуфта мешавад.

Хонаи Озодӣ менависад, ки дар аксар давлатҳое, ки фишор болои озодии матбуот мушоҳида мешавад, расонаҳои алтернативии интернетиву телевизионӣ фаъолтар мешаванд. Ва кори онҳо ба тавсеаи домани хабарҳову манбаъҳои иттилоотӣ дар кишварҳои минтақаи Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ сабаб шудааст. Миср аз ин ҷиҳат соли гузашта аз кишварҳои ғайриозод ба категорияи кишварҳои қисман озод баланд шуд.