Фарангиси Наҷибуллоҳ Русия ҳуқуқи 12 шаҳрванди Узбакистон ва 1 шаҳрванди Қирғизистонро, ки чандин моҳ бидуни муҳокима дар боздошт нигоҳашон дошт, поймол кардааст.
Дар ин хусус 24-уми апрели соли ҷорӣ Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо ҳукм кардааст.
Бо қарори ин додгоҳи бонуфузи байнулмилалӣ Русия акнун муваззаф шудааст, ки ба ҳар кадоме аз ин 13 нафар 24 000 доллар ҷуброни молӣ пардохт кунад. Пардохтани 28 000 доллар ҳазинаи мурофиъа низ бар уҳдаи Русия гузошта шудааст. Товони дар чорчӯби ин парванда ба гардани давлати Русия андохтаи додгоҳи Аврупо дар маҷмӯъ дар ҳудуди 300 000 доллар рақам зада мешавад.
Ин 13 тоҷир аз тарси таъқиби мақомот тарки Узбакистон карда, дар Русия паноҳгоҳ меҷустанд, вале дар моҳи июни соли 2005 бо дархости Тошканд боздошт шуданд. Мақомоти Узбакистон онҳоро дар таъмини молии ошӯбҳои хунини моҳи майи соли 2005 дар Андиҷон ва ҳамчунин ба фаъъолиятҳои тунди мазҳабӣ ва террористӣ муттаҳам мекунад.
Шукруллоҳ Собиров, яке аз ин тоҷирони боздоштшуда, дар суҳбат бо бахши узбакии Радиои Озодӣ куллия иттиҳомоти алайҳи онҳо эълоншударо “бебунёд ва як чизи аз сӯи мақомоти Узбакистон ба таври ошкоро сохтакоришуда” унвон кард ва, аз ҷумла, гуфт: “Мо ин айбномаро хондем. Бар асоси он, гӯиё мо аз мардум 200 000 доллар ҷамъ кардаем. Ин ҳарф буҳтони маҳз аст. 200 000 доллар? Ин хандаовар аст. Ростӣ, баъди фирор аз Узбакистон мо баъзан ҳатто пуле надоштем, ки иҷораи манзилро бипардозем”.
Акнун Шукруллоҳ ва дигар бегуноҳони беасос дар маҳбас нигаҳдоришуда бо ҳукми Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо аз Маскав 312 000 доллар товон хоҳанд гирифт.
Русия ба ҳайси узви Шӯрои Аврупо мулзам аст, ки ҳукми Додгоҳи Страссбургро иҷро кунад.
Додгоҳ гуфт, агар Русия ин 13 нафарро бо тақозои Тошканд мустарид мекард, ин иқдом, ба маҳзи эҳтимоли дар Узбакистон ба ҳабси ногузир ва шиканҷаву бадрафторӣ рӯбарӯ шудани онҳо, метавонист ба нақзи боз ҳам бештари ҳуқуқи онҳо мунҷар шавад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки Узбакистон, қарори маълум, ба иллати бадрафторӣ нисбат ба зиндониён муддатҳост, таҳти танқиди гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар қарор дорад. Ирина Соколова, вакили мудофеъи боздоштшудагон, ки аз рафтори мақомоти Русия ба Додгоҳи ҳуқуқи башари Аврупо дар Страссбург шикоят бурдааст, мегӯяд: “Мақомоти интизомии Узбакистон дар чорчӯби парвандаи ҷиноии бозшуда навишта буданд, ки онҳо дар фаъъолиятҳои ифротиву террористӣ дар қаламрави Русия низ даст доранд. Ҷониби Русия бар асоси дастури додситонии кулли Русия ба таҳқиқи ин паҳлуи масъала пардохта, дар хулосааш навиштааст, ҳеҷ навъ маълумоте, ки вуҷуди чунин навъ фаъъолиятҳоро исбот кунад, дастрас накардааст”.
Дар моҳи майи соли 2005 давлати Узбакистон бо истифода аз нерӯи низомӣ тазоҳуроти эътирозии мардумро дар шаҳри Андиҷон саркӯб кард. Артиши Узбакистон дар ин шаҳр ба хотири пароканда кардани эътирозгарон алайҳи издиҳоми мардум оташ кушод.
Дар ҳамин ҳол, гурӯҳҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд, ки дар ҷараёни ошӯбҳои Андиҷон то 1000 нафар кушта шуданд. Вале мақомоти кишвар ҳалокати танҳо 187 нафарро таъйид карда, мегӯянд, дар байни қурбониён афсарону аскарони милиса ва артиш низ зиёд будаанд. Тошканд ифротгароёни исломиро дар хушунатҳои Андиҷон муттаҳам кард, ҳарчанд таҳқиқи мустақил ва ё байналмилалии он рӯйдодҳоро иҷозат надод.
Дар пайи он ҳаводиси хунин, беш аз 500 нафар аз аҳли Андиҷон ба Қирғизистони ҳамсоя паноҳ оварда, баъдан аксари онҳо тавассути идораи паноҳандагони СММ дар кишварҳои Аврупо ва дар Амрикову Канада паноҳгоҳи сиёсӣ пайдо карданд.
Рӯйдодҳои хунини Андиҷон мавҷи интиқоди байнулмилалиро ба бор оварда, мунҷар ба сард шудани равобити Тошканд бо Ғарб гардид.
Узбакистон дар пайи рӯйдодҳои Андиҷон ҳатто нерӯҳои Амрикоро аз пойгоҳи Хонободи кишвар берун кард ва дубора бо Русияву Чин, ки ба фарқ аз Ғарб, куштори мардум дар Андиҷонро нодида гирифтанд, наздик шуд.