Оғози даври 7-ум: «Регар» - «Равшан» - 3:1

Даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон бо дидори «Регар» ТадАЗ ва «Равшан»-и Кӯлоб, ки бегоҳи 27-уми апрел дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуд, оғоз гардид.

Ин бозӣ бо ғалабаи тими мизбон – «Регар» ТадАЗ бо ҳисоби 3:1 анҷом пазируфт. Воқеъан дар ин бозӣ Бахтиёр Ҳасанов ба дарвозаи «Равшан» ду тӯб зад ва ӯ бо 7 гол дар сабқати нишонзанҳои беҳтарин дар ҷои аввал мебошад.

Бад-ин тартиб, «Регар» ТадАЗ, ки аз 6 бозӣ 16 имтиёз ба даст овардааст, дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст. «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки 2 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 12 имтиёз ҷои дуввумро касб кардааст. «Динамо»-и Душанбе низ 12 имтиёз гирифтааст, вале таносуби тӯбҳои «Парвоз» беҳтар аст, бинобар ин «Динамо» дар ҷои севвум қарор дорад.

Бегоҳи 28-уми апрел бозии дигари даври 7-уми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни ду дастаи шаҳри Душанбе – CSKA «Помир» ва «Гвардия» баргузор мешавад.

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 28-уми апрел

Б

Ғ

М

Б

Т

И

1.

«Регар» ТадАЗ

6

5

1

0

22-5

16

2.

«Парвоз»

4

4

0

0

10-1

12

3.

«Динамо»

6

3

3

0

9-5

12

4.

«Хуҷанд»

4

3

0

1

3-1

9

5.

«Вахш»

5

2

1

2

5-4

7

6.

«Тоҷиктелеком»

4

2

0

2

4-5

6

7.

«Гвардия»

4

1

1

2

5-8

4

8.

«Энергетик»

5

1

0

4

6-13

3

9.

«Равшан»

5

1

0

4

5-12

3

10.

CSКА «Помир»

5

1

0

4

3-10

3

11.

«Саройкамар»

6

0

2

4

7-15

2