Аҳли назар ва коршиносон мегӯянд, масъалаи обу барқ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба ҳам иртиботи қавӣ доранд ва баҳрабардорӣ аз он торафт ба масъалаи доғи рӯз табдил меёбад. Ба гуфтаи Мурод Бекниёзов, дар натиҷаи гармшавии сартосарии обу ҳаво захираи об кам мешавад. Сарвари бахши кумитаи захоири оби Қазоқистон таъкид мекунад, алъон об дар давраи обёрӣ басо кам аст ва он кифоят намекунад, аз ин хотир ҳама кишварҳои минтақа мушкилот доранд. Ин мушкилоти баҳрабардории захоири оби минтақаро тавре иқтисодшиноси қазоқ Қанот Берентаев мегӯяд, метавон бо ду роҳ ҳал намуд. Дар навбати аввал, ба андешаи иқтисодшинос, бояд кишварҳои поёноб, яъне Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Туркманистон баъзе масрафҳои оби кишварҳои болооб - Тоҷикистону Қирғизистонро пардохт намоянд.
«Яъне, ҳангоми зимистон чун дар обанбори неругоҳҳо об барои баҳору тобистон захира мекунанду тавлиди барқро коҳиш медиҳанд, бояд аз ин ҳисоб ин кишварҳоро бо маводи сӯхт мисли мазут, ангишт ва гоз таъмин намуд».
Дар акси ҳол, тавре оқои Берентаев изҳор кард, агар кишварҳои болооби рӯдхонаҳои Сиру Омӯ айёми зимистон низ тавлиди барфро босуръат идома диҳанд, табиист, ки захираи оби минтақа айёми баҳору тобистон коҳиш хоҳад ёфт.
Роҳи дуюм - ин чун нафту гоз обро чун мол истифода намудан аст ва барои истифода об нарх муқаррар намуд, то ба ин васила ҳама масрафҳои марбут ба обро ҷуброн намуд. Вале ин масъала, ба гуфтаи оқои Берентаев, бояд дар сатҳи байнидавлатӣ ҳаллу фасл шавад. Иқтисодшинос таъкид мекунад, ки метавон масъалаи муайян кардани нархи обро баррасӣ намуд, вале дар ин маврид як нуктаро бояд ҳатман ба инобат гирифт. Дар ин маврид набояд ҳисоб намуд, ки метри мукааб об чӣ қадар қимат дорад, балки бояд дар ҷуброни масрафҳои кафолатдодашуда барои нигаҳдории неругоҳҳои обӣ дар болооб ва масрафи нигаҳдориву ба поён ҷорӣ кардани об кишварҳои поёноб низ ширкат намоянд.
Сиёсатшиноси шинохтаи қазоқ Досим Сатпаев низ ҷонибдори ба об чун мол муносибат намудан аст.
«Об ягона боигарии Тоҷикистону Қирғизистон аст ва он бояд фурӯхта шавад ва чунин арзёбӣ аз рӯи адолат аст».
Ба гуфтаи сиёсатшинос, албатта, то замони ҳамчун мол ҳал кардани масъалаи об вақти зиёд лозим аст. Вале алъон мақомоти Қазоқистон барои ба андозае ҳаллу фасл кардани мушкилоти мавҷудаи истифодабарии об дар минтақа талош дорад. Инро Нурсултон Назарбоев ҳангоми мулоқоташ бо Ислом Каримов дар Остона низ таъкид намуд.
«Баъзеҳо аз об барои тавлиди барқ истифода намуда, он барқро чун мол фурӯхтанианд, мо бошем, мехоҳем, ки ин об барои обёрӣ истифода гардад ва ҳамаи ин манфиатҳоро бояд ба ҳам наздик намуд. Мо барои ҳалли ин масъала талош дорем».
Амирхон Кеншимов - муовини раиси Кумитаи захоири оби Қазоқистон низ таъкид кард, агар иродаи нек мавҷуд бошад, ҳама мушкилот ҳаллу фасл мегардад. Муҳим ин аст, ки роҳҳои ба ҳам наздикшавиро пайдо намуд ва бо назардошти манофеъи ҳамагон ба тавофуқи созанда бояд расид, гуфт оқои Кеншимов. Муовини раиси кумитаи оби Қазоқистон афзуд, ки алъон онҳо дар ин роҳ амали мушаххасеро анҷом доданӣ ва дар тармими неругоҳи барқи Қайроқум ширкат карданианд. Алъон дар ин робита ба ҳукумат пешниҳоди кумита ироа гардидааст ва имкон дорад, ки барои кӯмак дар баҳрабардории неругоҳи Қайроқум онҳо маблағ ҷудо кунанд.
Масъалаи дигаре, ки атрофи он баҳс идома дорад, ин бунёди неругоҳҳо дар болооби рӯдхонаҳост. Дар ин масъала ҷониби Ӯзбакистон мегӯяд, ки бунёди неругоҳҳо ба муҳити зист ва таъмини об таъсири манфӣ мерасонад ва ин кишвар муқобили бунёди неругоҳҳои обӣ, аз ҷумла муқобил ба сохтмони неругоҳи бузурги Роғун аст. Вале иқтисодшиноси қазоқ Қанот Берентаев бар ин аст, ки ин неругоҳи обӣ бунёд карда шавад.
Вале дар ин маврид, ба андешаи оқои Берентаев, бояд ба як нукта таваҷҷӯҳ намуд. Он кишварҳое, ки дар болооби рӯдхонаҳои Сир ва Омӯ неругоҳҳои обӣ месозанд, бояд замонати ҳангоми баҳор, яъне вақти корҳои саҳро ба поён сар додани обро бидиҳанд, то зироати кишварҳои поёноб низ ҳангоми баҳору тобистон беоб намонанд.