Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»-и Радиои Озодӣ тақдими шумо мегардад.
By ҳафта машъали олимпӣ тавассути ҳавопаймо аз Индонезиёи қорраи Осиё ба қитъаи Австралиё оварда шуд. Эстафетаи машъали олимпӣ дар шаҳри Канберра, пойтахти Австралиё, доир гардид.
Мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳоноид ба ҳоккейбайни навҷавонон, ки дар шаҳри Қазони Тотористон баргузор шуд, бо пирӯзии дастаи мунтахаби Канада ба поён расид. Ин даста дар бозии ниҳоӣ бар тими наврасони Русия бо ҳисоби калони 8:0 ғалаба кард.
Бозии аввали ниманиҳоии Лигаи қаҳрамонони футболи Аврупо байни дастаҳои «Барселона»-и Испониё ва «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бозии дигар байни дастаҳои Инглистон «Ливерпул» ва «Челси» бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид.
Дар бозиҳои ҷавобӣ 29-уми апрел «Манчестер Юнайтед» бо «Барселона» ва 30-вуми апрел «Челси» бо «Ливерпул» рақобат хоҳанд кард.
Шумораи роҳхатҳои олимпии Тоҷикистон ба як адад афзуд. Ахиран Виталий Корякин, намояндаи Тоҷикистон, дар нахустин мусобиқаи интихобии олимпӣ дар риштаи гуштии озод дар Суис (Швейтсария) дар вазни то 60 кг ҷои севумро касб кард ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардид.
Нахуст вай бар ҳарифи фаронсавиаш Дидиер Пайсдастболо шуд. Баъдан ӯ Георгий Букурро аз Руминия шикаст дод. Вале Виталий Корякин дар даври севум аз Залимхон Ҳусейнови озарӣ мағлуб гардид. Сипас ӯ барои дарёфти мақоми севум бар рақибаш Малказ Курдиании гурҷӣ ғолиб омад.
Ба иттилоъи Баҳрулло Раҷабалиев, раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Виталий Корякин, ки феълан дар Ёқутистони Русия ба сар мебарад шаҳрванди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бар асоси қарордод, мегӯяд Б. Раҷабалиев, ин варзишгар дар мусобиқоти байнулмилалӣ Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад.
Ҳамин тариқ, то имрӯз 11 варзишгари Тоҷикистон дар 6 риштаи варзиш роҳхатҳои олимпӣ ба даст овардаанд.
Варзишгарони Тоҷикистон муборизаро барои роҳхатҳои олимпӣ идома хоҳанд дод. Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии гуштии дзюдои Осиё, ки аз 26-ум то 28-уми апрел дар Куриёи ҷанубӣ баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард. Дар ин мавзӯъ мусоҳибаи мо бо Носир Бозоров, сармураббии дастаи мунтахаби гуштии дзюдои Тоҷикистон, ба таваҷҷуҳи шунавандагон пешкаш мешавад. Вай мегӯяд, дар ин мусобиқа шарафи Тоҷикистонро беҳтарин гуштигирони кишвар Расул Боқиев, Неъматулло Асронқулов, Шералӣ Бозоров, Парвиз Собиров, Аминҷон Хонов ва Ҷамшед Халилов ҳимоя мекунанд.
Меҳмони дигари барнома – мураббии варзидаи гуштии миллӣ Султон Наботов, устоди Донишкадаи варзиши Тоҷикистон. Ба андешаи ӯ барои рушди варзиш миёни хонандагони макотиби миёна ва донишҷӯёни тоҷик бояд дар Вазорати маорифи Тоҷикистон раёсати варзиш таъсис дода шавад.