Ҳамойиши гиромидошти хотираи нависандаи тоҷик Ҷумъа Одина шоми 22-вуми апрел дар Кохи миллатҳои шаҳри Маскав бо иҷтимоъи пуршукӯҳи ҳамватанон ва алоқамандони фарҳанги тоҷики пойтахти Русия баргузор гардид.
Ин ҳамоиш бо ибтикори Солеҳабибӣ, ҳамсари шодравон Ҷумъа Одина, ва духтарони эшон – Нуриниссо, Зулфия ва Умеда, – ки чанд соли ахир дар ин шаҳр ба сар мебаранд, ва бо пуштибонии сафорати Тоҷикистон дар Русия ташкил шуд.
Сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Русия Абдулмаҷид Достиев бо зикри хайр аз нависандаи зиндаёд Ҷумъа Одина гуфт: «Ҳар ҷафое, ки ба ноҳақ ба кас мерасад, бо гузашти айём аз заҳр ба позаҳр табдил мешавад . Муҳим ин аст, ки мунтаҳо ҳақ ба ҳақдор мерасад, яъне ҳар ки ҳақ аст ба мурод мерасад – хоҳ дар зиндагӣ бошад ва хоҳ пас аз марг».
Темури Зулфиқор, нависандаи русзабони тоҷиктабор, ки ифтихори диду боздид ва ҳамкории эҷодӣ бо Ҷумъа Одинаро доштааст, дар суханронии худ ин нуктаро таъкид кард, ин нависандаи тавоноро мушкилоти иҷтимоъӣ ва сиёсии замона шикаст дод. Темури Зулфиқор ҳамчунин гуфт: «Ҷумъа Одина бармаҳал моро тарк гуфт. Дар акси ҳол вай мусибати ҷанги шаҳрвандиро, ки басо одамони арҷманд ва зеборо аз байн бурд, таҳаммул карда наметавонист. Вай хирадманд буд. Хирадмандон умри абад доранд ва ҳарду ҷаҳон барои онҳо якест».

Устоди донишгоҳи Санкт-Петербург Назари Мирзода ҳамзамон бо ёдоварии нахустин ошноии худ бо романи «Гузашти айём» марсияи Бозор Собир бар марги Ҷумъа Одинаро қироъат кард:
Ӯ монда хоксории худро ба хокҳо,
Бар шуд ба бодҳо.
Аз чангу гарди мо, ки бар мӯяш нишаста буд,
Афшонд дасту пову таконид гӯшу ҳуш…
Нуриннисо, духтари аршади Ҷумъа Одина, ки номзади илмҳои тибб аст, бачагии худро дар канори падар ба ёд оварда, аз ҷумла гуфт: «Мо 27 сол аст, ки аз падар ҷудо ҳастем, вале аз ёдашон ҷудо нестем. Падарам барои мо рамзи баҳор буданд: бо меҳрбониву бо навозиш хонаро чун дар баҳор пурнуру пургул нигоҳ медоштанд. Падарам хеле заҳматкаш ва хештаншинос буданд, ба ноҳаққиҳову ноҷуриҳо сари мадоро надоштанд. Идеологҳои ҳизби коммунисти вақт романи «Гузашти айём»-и падарамро ҳамчун асари зиддишӯравӣ оташ зад ва ӯро аз кор ронданд. Ин моҷаро солҳои 1976 оғоз шуд. Ва охируламр 10-уми сентябри соли 1982 падарам бар асари севумин сактаи дил дар дафтари корӣ, пушти мизи кориаш қалам дар даст ҷон доданд».

Нуриннисо ҳамчунин гуфт, ки яке аз сабабҳои дигари даргузашти бармаҳали падараш саргардониҳои давраи дар бадарға будани оилаашон будааст: «Соли 1931, ҳангоме ки падарам яксола будаанд, хонаводаи бобоямро бо туҳмати «кулак» будан ба вилояти Ставрополи Русия бадарға карданд ва ин даврони ғурбат, ки ҳамроҳ бо гуруснагӣ, бесарпаноҳӣ ва ноумедӣ будааст, ба ҷисму ҷони падарам асароти тавоншикан расонида буд».
Дар маҳфили ёдбуд китоби шоира Ҳадисаи Қурбон бо номи «Теғи одамкуш» муаррифӣ шуд, ки, аслан, он хотироти фардии як ҳамкори собиқи устод Ҷумъа Одинаро бозгӯӣ кардааст.
Дар маҳфили ёдбуд бахши аъзами сухангӯён орзу карданд, ки куллиёти эҷодиёти нависандаи саршиноси вақт нависандаи зиндаёд Ҷумъа Одинаро бо шумули қиссаҳои «Иншо дар мавзӯъи озод», «Авроқи рангин», романи «Гузашти айём» ва ҷилди аввали романи нотамоми «Искандари Мақдунӣ» дар даст дошта бошанд.