Маводди сӯхти биологӣ ва таъмини инсоният бо ғизо

Аз чӣ истеҳсол шудани маводди сӯхт ба таъмини мардум бо ғизо иртибот доштааст

Раисҷумҳуриҳои Боливия ва Перу бар инанд, ки истеҳсоли сӯзишвории биологӣ дастрасии табақаҳои фақиртарини аҳолӣ ба хӯрокаро хеле маҳдуд месозад.
Дар ҳамоиши марбут ба масоъили мардумони маҳаллии СММ дар Ню Йорк раисҷумҳури Боливия Иво Моралес эълом намуд, ки барои ҳифзи сайёра аз гармшавии умумӣ аз капитализм даст кашидан зарур аст. "Агар мо мехоҳем, ки сайёраи Заминро ҳифз намоем пас мо бояд сохтори капиталистиро аз байн барем»,– изҳор кард президенти Боливия.
Ӯ иддаъо намуд, ки рушди истеҳсоли сӯзишвории биологӣ ба қишрҳои бебизоъати мардуми сайёра зарари калон хоҳад расонид. Бино ба гуфтаи ӯ, болоравии маъмулшавии анвоъи гуногуни ин сӯзишворӣ ба ривоҷи фақру гуруснагӣ оварда мерасонад. Иво Моралес ҳамчунин раҳбарони бархе аз кишварҳоро, ки барояшон «мошинҳо аз инсонҳо заруртаранд», шадидан муттаҳам намуд.
Ба ақидаи коршиносон, ин суханони президенти Боливия як навъ ҳуҷуми пардапӯшонаи ӯ ба кишвари ҳамсояи Бразил аст, ки аз бузургтарин истеҳсолкӯунандагони биоэтанол (як навъи сӯзишвории биологӣ) ба шумор меравад. Моралес инчунин даъво мекунад, ки тавсиъаи идоранашавандаи саноъат ба захоири табиъии сайёра зарари ҷиддӣ мерасонад.
Бо ин фикри ӯ Алан Гарсиа, раисҷумҳури Перу, низ ҳамақида аст. А. Гарсиа бар ин аст, ки истифодаи замин ҷиҳати парвариши зироъатҳо барои баъдан истеҳсол кардани сӯзишвориҳои биологӣ ба он оварда мерасонад, ки ақшори фақиртарин аҳолии сайёра аз дастёбӣ ба маводди ғизоӣ маҳрум мешаванд.
Мутазаккир мешавем, ки масъалаи асосии дар нишасти навбатии СММ баррасишаванда таъсири тағйири иқлим ба ҳаёти мардуми бумӣ хоҳад буд. Ин нишаст то 2-вуми май идома мекунад.
Ин ҳам дар ҳолест, тарафдорони тавсиъаи истифодаи сӯзишвориҳои биологӣ таъкид мекунанд, ки он бо иваз намудани анвоъи сӯзишвориҳои маъмул дар муборизаи зидди гармшавии умумии Замин кумак хоҳад кард.
Вале мунтақидони ин ғоя бар инанд, ки истифодаи маҳсулоти кишоварзӣ ба хотири истеҳсоли маводди сӯхт аҳолии ҷаҳонро аз маводди ғизоӣ – махсусан дар замони болоравии қимати онҳо – маҳрум месозад.
Дар ҳамин ҳол, интизор меравад, ки имрӯз сарвазири Бритониёи кабир Гордон Браун ҳангоми мулоқоташ бо коршиносони соҳа оид ба масоъили болоравии қимати маводди ғизоӣ масъалаи сиёсати урупоиро дар робита ба сӯзишвориҳои биологӣ низ баррасӣ хоҳад кард. Дар арафаи ин мулоқот Браун эълом намуд, ки Бритониёи кабир бояд ба масъалаи истифодаи маводди сӯхти биологӣ боз ҳам ҷиддитар назар кунад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳафтаи гузашта Лондон эълом доштааст, сӯзишвориҳои дар пунбҳои сӯхти нақлиёт дар бритониёи кабир боядҳадди ақалл 2,5% маводди сӯхти биологӣ дошта бошанд.
Гуфта мешавад, Иттиҳоди Аврупо ҳам тасмим гирифтааст, ки то соли 2020 истифодаи ин навъи сӯзишвориро то 10% расонад.