Идаъои Абхозистон дар бораи ҳавопаймои ҷосуси гурҷӣ

Минтақаи ҷудоихоҳи Абхозистон идаъо мекунад, ки як ҳавопаймои ҷосуси Гурҷистонро дар ноҳияи Галӣ суқут додааст. Анатолий Зайцев-муовини фармондеҳи нируҳои мусаллаҳи Абхозистон дар ин бора бо телвизюни Руссия суҳбат кардаааст. Вале Нана Интскирвелӣ-сухангуи вазорати дифоъи Гурҷистон гуфтааст, ки бар фарози зери контроли Абхозистон ҳеҷ як аз ҳавопаймоҳои онҳо парвоз накардааст.