Дар ҷашнвораи байнулмилалии косибони Осиёи марказӣ ва Эрону Афғонистон осори ҳунармандони мардумии минтақа ба намоиш гузошта шуд.
Дар ин ҷашнвора, ки дар Кохи «Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе бо ибтикори ширкати «Ҳафтпайкар», бунёди «Евразия» ва маркази фарҳангии «Бохтар» созмон дода шуд, осори косибони муосир, ки ба ҳунарҳои қадимии мардумии минтақа (аз қабили сӯзанӣ, заргарӣ, кашидадӯзӣ, гилембофӣ, чӯбкорӣ, кулолгарӣ ва ҳунарҳои дигар) шуғл доранд, пешкаши тамошобинон гардид.
Мукаррамаи Қайюмзод, раиси бунёди байнулмиллалии «Ҳафтпайкар», гуфт, ки ҳадаф аз ташкили ин ҷашнвора, ошно намудани ҳунармандони минтака бо ҳунарҳои ҳамдигар ва ба роҳ мондани ҳамкории онҳо будааст.
Дар ҳамин ҳол, Иқболбӣ Абдураҳмонова, ҳунарманди гулдӯз аз ноҳияи Дарвоз, ишора намуд, ки чунин маросимҳо ба зинда мондани ҳунарҳои қадимии мардумӣ мусоидат мекунанд. Ба гуфтаи вай, дар солҳои ҳукуматдории шӯравӣ қисме аз ҳунарҳои қадимии мардумӣ қариб аз байн рафтаст ва ҳоло ин ҳунарҳоро барои насли оянда барқарор кардан зарур шудааст. Ӯ инчунин гуфт, ки ин ҳунарҳо аз таърихи миллати тоҷик амалан бозгӯӣ мекунанд ва ҳунармондонро зарур аст, то онҳоро барои наслҳои оянда мерос гузоранд.
Сокини Душанбешаҳр Ҳалима Саидова вижагии ин намоишгоҳро дар он дид, ки осори мардумии тамоми ҳунармандони минтақаи Осиёи Марказӣ ва Эрону Афғонистон барои бори аввал дар он ба намоиш гузошта шудааст.