Таҷлил аз 35-умин солгарди таъсиси ҲНИТ

Муҳйиддини Кабирӣ, раиси ҲНИТ

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар як маросими вижа 35-умин солгарди таъсисёбии худро таҷлил намуд.
Маросими таҷлил аз 35-умин солгарди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), ягона созмони сиёсии расмии динӣ дар кишварҳои муштаракулманофеъ, дар қароргоҳи марказии ин ҳизб дар шаҳри Душанбе бо ширкати намояндагиҳои дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалии муқими Тоҷикистон, шахсиятҳои шинохтаи кишвар ва суханронии бархе аз онҳо доир шуд.
Бархе аз ширкатдорон бо ин вуҷуд, ки ҳузури расмии ин ҳизбро дар саҳнаи сиёсии кишвар дар амри эъмори ҷомиъаи мардумсолорӣ як гоми мусбат унвон карданд, аммо ҳамзамон аз бетаваҷҷуҳӣ ва канорагирии ин ҳизб дар баробари ҳаводиси солҳои ахири кишвар ва матраҳ кардани масоъили доғи ҷомиъа ба мисли фақру нодорӣ, таъқиб ва зиндонӣ шудани размандагони пешини мухолифин ва ихроҷи намояндагони ин ҳизб аз ҳайъати ҳукумат интиқод кардаанд.
Аз ҷумла, Гремм Лотен, сафири Бритониё дар Тоҷикистон, зимни суханрониаш дар ин маросим изҳори тааҷҷуб кард, ки дар сахттарин рӯзҳои зимистони имсола мардум аз гармӣ, барқ, газу рӯшноӣ маҳрум карда шуд ва чанд ҳизби сиёсии кишвар дар нишастҳо ва баёнияҳои худ давлатро дар ин пешомад муттаҳам карданд, аммо ҲНИТ сукут ихтиёр кард: «Ман фикр намекунам, ки эътироз кардани як созмони сиёсӣ дар чунин як шароит нишонаи ватанро дӯст надоштан бошад. Балки, ба фикри ман, дар чунин шароит садо баланд кардан дуруст нишонаи ватандӯстдорист. Ва пешниҳод кардани роҳи алтернативии раҳоӣ аз чунин вазъ ин нишонаи дӯст доштани ватан аст».
Ин ҳам дар ҳолест, ки дар миёни коршиносон ва маҳофили сиёсӣ низ аз сукут ва норавшании мавқеъи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони як нерӯи муқтадири сиёсӣ дар қиболи рухдодҳои ахири кишвар интиқод карда мешавад. Ҳамчунини сарусадоҳое низ дар ҷомиъа садо медиҳад, ки созишкорӣ ва гузаштҳои зиёди ин ҳизб боъиси коҳиши обрӯ ва нуфузи он дар ҷомиъа шудааст.
Аммо Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, аз рӯҳониёни бонуфузи кишвар ва муъовини аввали раҳбари оппозисиюни пешини тоҷик, бар ин назар аст, ки сарнавишти аҳзоби дигар, минҷумла ҳизби демократ ва ҳизби сосиалисти Тоҷикистон, ки бо гирифтани мавқеъҳои шадид дар баробари фаъъолияти ҳукумат дучори дудастаӣ шуданд, барои аҳзоби дигар сабақ шудааст. Вале, мегӯянд коршиносони сиёсӣ ва иҷтимоъӣ, ҷомиъа аз аҳзоб ва, махсусан, аз ҳизби наҳзати исломӣ таваққуъоти бештар дорад ва дар доираи қавонини кишвар ироъа кардани хостаҳои мардум ба ҳукумат шарти низоми мардумсолорист.
Аммо Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили ин ҳизб дар порлумони кишвар, муътақид аст, дар вазъияте, ки заъфи ҳукумат на танҳо барои нерӯҳои сиёсӣ, балки ҳатто барои сокинони одии кишвар ошкор шуд ва ин ҳам ошкор шуд, ки ҳукумат иштибоҳ мекунад, интиқод кардан дар ин маврид бар зарари умум тамом мешавад. Оқои Кабирӣ бо эътирофи ин интиқодот гуфт, бо мулоҳизоте, ки ҳарф ё баёнияи ин ҳизб имкон дорад суитафоҳум шавад ва ҳамчунин ҷиҳати таъмини суботи вазъи сиёсии кишвар дар танқиди шадиди давлат иқдом накардаанд. Вале, мутазаккир шуд раиси ҳизб, ҳоло вазъу шароит дигар шудааст ва тағйири авзоъ водор мекунад, ки мушкилоти ҷомиъа ва омилини ин мушкилот гуфта шавад.
ҲНИТ танҳо созмони сиёсии расмии динӣ дар кишварҳои Муштаракулманофеъ аст, ки дар соли 1973 аз сӯи Саййид Абдуллоҳи Нурӣ , раиси фақиди ҳизб, таъсиси дода шудааст. Ин ҳизб бо номи «Наҳзати ҷавонон» дар солҳои шӯравӣ ба таври пинҳонӣ фаъъолият мекардааст. Дар соли 1991 ин ҳизб нахустин бор ба таври расмӣ сабти ном шуд, вале бо сари қудрат омадани Ҷабҳаи Мардумӣ ва Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи ин ҷабҳа дар соли 1992, фаъъолияти ҲНИТ мамнӯъ карда шуд. Масъулони ҳизб дар Афғонистон ва Эрону Покистон паноҳанда шуданд. Дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҲНИТ артиши худро ташкил кард ва то соли 1997, замони имзои Созишномаи умумии сулҳ, муборизаи низомиро алайҳи ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон идома дод.
Соли 1999 дигарбора расман сабти ном шуд ва ба фаъъолият дар қаламрави кишвар оғоз кард. Ҳоло, ба истиснои ноҳияҳои Мурғоб (дар вилояти Бадахшон), Балҷувон (вилояти Хатлон) ва шаҳрҳои Табошару Чкаловск (вилояти Суғд), дар шаҳру навоҳии Тоҷикистон созмонҳои ибтидоии он амал мекунанд.
Ҳизби наҳзати Исломии Тоҷикистон дар сафҳои худ 25 000 узв гирд овардааст ва ду намоянда дар порлумони кишвар дорад.