Ҷунбиши Ҷабҳаи миллии мухолифи ҳукумати Афғонистон эълом кард, ки бо ҳадафи таҳкими назму суботи ин кишвар бо Толибон музокирот пеш мебарад.
Мардуми зиёд дар Афғонистон ба ин фикр мувофиқанд, ки барои бунёди сулҳи давомдор дар ин кишвар муколама бо Толибон зарур аст.
Дар ҳоле, ки 7 сол инҷониб Толибони тундгаро ба хусус дар ҷануб ва шарқи Афғонистон бо ҳукумати ин кишвар даст ба гиребон ҳастанд, шумораи зиёди сиёсатмадорони афғон мегӯянд, музокирот бо Толибон, ҳадди ақалл бо он Толибоне, ки ҳозир ба супурдани силоҳ ва қатъи мухолифат ҳастанд, ягона имкони хатми ҷанг дар Афғонистон аст.
Ахиран Ҷабҳаи милии мухолифи ҳукумати Афғонистон хабар дод, ки бо мақсади эҷоди сулҳ дар кишвар бо Толибон сари мизи музокирот нишастааст.
Сухангӯи Ҷабҳаи миллӣ Санчоракӣ дар ин бора мегӯяд, раҳбарони ин созмон собиқ президенти Афғонистон Бурҳонуддини Раббонӣ ва собиқ вазири мудофиаи ин кишвар Муҳаммад Қасими Фаҳим бо раҳбарони Толибони тамоси мустақим гирифтаанд.
Дар ҳамин ҳол, раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай иброз дошт, ки ташаббуси музокирот бо Толибонро дастгирӣ мекунад, зеро аксари онҳо афғон ҳастанду ба ҳамоиш бо ҷомиъа ниёз доранд.
Соли гузашта Карзай борҳо такрор карда буд, ки баҳри эҳёи назму суботи кишвар ба гузаштҳои бузург ҳозир хоҳад шуд. Ӯ ҳатто мулоқот бо раҳбари Толибон Мулло Умарро аз эҳтимол дур намедонист. Дар айни замон ҳукумати Афғонистон таъкид кардааст, ки музокирот бо Толибон бояд дар ҳамоҳангӣ бо ҳукумат сурат гирад, на берун аз он.
То имрӯз ҳазорҳо толиби афғон бо пешниҳоди Комиссияи мусолиҳаи миллии Афғонистон силоҳашонро ба замин гузошта, ба ҳаёти осоишта баргаштаанд.
Аксари шореҳони сиёсӣ ҳам бар ин фикранд, ки наметавон Толибонро танҳо бо роҳи низомӣ мағлуб намуд. Аммо ин нукта ҳам таъкид шудааст, ки ба қатъи муқовимат водор намудани Толибон осон нахоҳад буд.
Гуфта мешавад, Толибон пароканда буда, ҳар гурӯҳе раҳбари худро пайравӣ мекунад.Вақте як фармондеҳи Толибон сари мизи музокирот нишаста, ба замин гузоштани силоҳро амр медиҳад, маълум нест, ки гурӯҳи дигари Толибон онро иҷро хоҳад кард ё не?
Ин ҳам дар ҳолест, ки баъди эълони Ҷабҳаи миллӣ дар бораи музокирот бо Толибон Забиҳулло Муҷоҳид, ки худро сухангӯи Толибон меномад, ин иттилоъро рад кардааст. Дар навбати худ Ҷабҳаи Миллӣ низ тафсилот надодааст, ки бо кадом раҳбарони Толибон гуфтушунид дошт.
Ваҳиди Мужда, ки дар вазорати корҳои хориҷии ҳукумати Толибон ифои вазифа кардааст, гуфт: "Толибон ин гуна музокиротро ба нафъи худ ва ба хотири нифоқандозӣ дар сафҳои ҳукумати Афғонистон истифода мебаранд. Дар ҳамин ҳол, кӯшишҳои танзими музокироти сулҳ бо Толибон дар берун аз марзҳои Афғонистон низ тарафдор дорад.
Соли гузашта расонаҳои бритониёӣ гузориш дода буданд, ки дар вилояти Ҳилманди Афғонистон ходимони иктишофии Бритониё бо Толибони воломақом мулоқот доштанд. Ҳукумати Бритониё ин хабарро тасдиқ накард, вале ҳукумати Афғонистон ду дипломати ғарбиро, ки дар идораҳои СММ ва Иттиҳодияи Аврупо дар Кобул кор мекарданд, бо иттиҳоми тамос бо Толибон аз Афғонистон берун кашид. Вале расонаҳои ғарбӣ тахмин мекунанд, ки ин мулоқоти дипломатҳои ғарбӣ бо Толибон дар ҳузури ҳукуматдорони афғон сурат гирифта буд.