Нархи нафт ба 114 доллар расид

Нархи нафт рекорди нав гузошт. Дар фурӯши электронии Ню Йорк бушка ва ё барели нафти хоми навъи сабук ба каме беш аз 114 доллари Амрико мусовӣ шудааст. Шореҳон мегӯянд, сабаби болоравии нархи нафт заъфи доллар ва афзоиши тақозо ба нафт дар Чину Ҳиндустон аст.