Интиқоди сафири Русия аз Бан Ки-мун

Cафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид Витолий Чуркин гуфт, Маскав аз мавзеъгирии Дабири кулли созмон Бан Ки-мун дар баробари Косово қонеъ нест. Бан кушидааст, аз ҳар гуна изҳороте худдорӣ кунад, ки метавонад ба маънии пуштибонӣ аз ин ё он тарафи муноқишаи Косово талқин шавад. Чуркин хабарҳоеро рад кард, ки гӯё ба ин хотир Русия аз даври дувуми Бан дар мақоми дабири кул пуштибонӣ нахоҳад кард.