Олимпиадае, ки фаромӯш нахоҳад шуд

Ҳамоиши эътирозӣ бар зидди сиёсати Чин дар Тибет дар Сан-Франсискои иёлати Калифорниё

Бозиҳои тобистонаи олимпӣ дар Пекин ҳанӯз шурӯъ нашуда, аз ҳоло маълум аст, ки дар хотири миллионҳо нафар хоҳад монд.

Болоравии торафти мавҷи эътирозҳо аз сиёсати Чин нисбати Тибет чунин ба назар мерасад, ки маънои аслии ин бозиҳоро камранг кардааст. Изҳороти имрӯзаи дабири кулли СММ Бан Ки Мун, ки ният надорад дар маросими кушоиши ин бозиҳо иштирок кунад, аксариятро такон дод. Сухангӯи СММ гуфт, ки масъала дар номувофиқати таърихи баргузории ин маросим бо барномаҳои оқои Мун будааст. Илова ба ин, вай гуфтааст, ки тасмими мазкур ба ҳеҷ сурат ба танқидҳои афзояндаи Ғарб аз сиёсати Чин дар қиболи Тибет ва мушкилоти марбут ба ҳуқуқи башар дар ин кишвар вобаста нест.

Бо назардошти ин ки то имрӯз роҷеъ ба адами ширкати худ дар маросими кушоиши бозиҳои Олимпии тобистона августи имсол нахуствазирони Бритониёву Олмон - Гордон Брауну Ангела Меркел хабар дода, раҳбари Фаронса Николя Саркозӣ ишора кардааст, ки ин мавзӯъро мавриди баррасӣ қарор медиҳад, тасаввур кардан мумкин, ки то кадом андоза асабонияти мақомоти Пекин то рафт боло мегирад. Равғани дигарро ба ин оташи сӯзон рӯзи ҷумъа, 11 апрел қатъномаи аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Амрико қабулшуда рехт, ки аз мақомоти Чин тақозо мекунад саркӯби тазоҳургаронро хотима дода, бо раҳбари маънавии Тибет Далай Лама вориди музокирот шаванд. Чин аз чунин як иқдоми Амрико шадидан ба хашм омада гуфтааст, ки чунин як қатъномаи "зиддичинои"-ро қабул надорад.

Дар ҳоле, ки мавҷи танқидҳо аз амалкарди Пекин дар роҳи саркӯби эътирозгарони тибетӣ, ки моҳи марти имсол мунҷар ба марги даҳҳо нафар шудааст, боло мегирад, баъзе муттафиқони Чин талош доранд дар чунин рӯзҳои душвор дар канори режими коммунистӣ қарор гирифта, ҷонибдории худро аз сиёсати он баён кунанд. Имрӯз, 11 апрел, раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф гуфт, вай мухолифи ин аст, ки ба бозиҳои варзишии ҷаҳонӣ ранги сиёсӣ дода шавад. Вай гуфт, ки Покистон Тибетро чун як бахши ногустастании қаламрави Чин эътироф мекунад ва ба ҳама гуна талоше барои ҷудо кардани Тибет аз Чин шадидан мухолифат хоҳад кард.

Кор то ҷое расидааст, ки баъзе марказҳои назархоҳӣ дар Аврупо мавзӯи ширкат дар бозиҳои олимпӣ ва ё бойкоти онро аз ҷониби мақомоти баландпояи кишварашон ба баррасии мардум вогузор кардаанд. Як назархоҳӣ дар Норвегия ҳокӣ аз он аст, ки чаҳор нафар аз миёни 10 нафари пурсидашуда гуфтаанд, ки аз имконияти таҳрими маросими кушоиши бозиҳои олимӣ тарафдорӣ мекунанд. Пурсиши нашрияи маҳаллии Aftenposten мегӯяд, ки 39 дар сади сокинони Норвегия аз бойкоти эҳтимолӣ пуштибонӣ карда, 31 дар сад мухолифин ин ақида будаанд.

Ба фарқ аз бахши аъзами ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар Тоҷикистон мақомот дар ин замина ҳеҷ изҳороте пахш накардаанд. Аммо аз изҳороти чанд моҳи пеш вазорати хориҷаи Тоҷикистон, ки гуфта буд, якпорчагиии Чинро эҳтиром карда, мухолифи истиқлолияти Тибет мебошад, пай бурдан мумкин аст, ки мавқеи давлат дар баробари шарики муҳими иқтисодиву сиёсиаш чӣ гуна хоҳад буд. Ва аз сӯи дигар, аз лиҳози ҷуғрофиёӣ дур будани ин минтақаву иттилои нокофӣ доштани мардум аз мушкилоти Тибет, ва инчунин ғарқи масоили дохилии мисли камбуди барқу болоравии қиматҳо будани мардуми Тоҷикистон, ба андешаи муҳаққиқони маркази назархоҳии "Шарқ" дар Душанбе, аҳамияти ин мавзӯъро дар чашми сокинони Тоҷикистон камранг мекунад.