Машъали олимпӣ чӣ гуноҳ дорад?

Машъали олимпӣ, ки баъди сайри 21 шаҳри ҷаҳон бояд ба Пекин, маркази Бозиҳои тобистонаи олимпӣ баргардад, мӯҷиби эътирози ҳазорҳо ҷонибдори истиқлолияти Тибет шуд. Эътирозгарон дар Лондону Порис кӯшиданд, ки машъалро хомӯш кунанд. Дар Сан-Франсиско мақомоти амниятии Амрико ҷиҳати пешгирии задухӯрди эҳтимолӣ миёни эътирозгарон ва фаъолони чингаро тадобири шадиди амниятиро роҳандозӣ карданд, ки дар натиҷа маросим баргузор нашуд.

Нашрияи бритониёии Times навиштааст, машъали олимпӣ дар Сан-Франсиско ҳамагӣ чандсад метр ҳаракат мекунад ва машъалдорон дар анборе панаҳ мебаранд ва баъди ним соат машъалро тариқи автобус аз он ҷо берун оварда, ғайб мезананд. Нашрия аз қавли як ҷонибдори тибетиён навиштааст, агар онҳо машъалро аз шаҳр гузаронида натавонанд, пас маълум мешавад, Олимпиадаро касе ҷонибдорӣ намекунад.

«Машъали олимпӣ ба ҷинояткоре монанд мешавад, ки тӯдаи мардум мехоҳад онро шаттакорӣ кунад» - менависад нашрияи итолиёӣ Repubblica. Нашрия суол гузоштааст, ки оё меарзад сайри машъал дар 21 шаҳри олимпӣ идома ёбад? Ба қавли нашрия сармоягузорони бозиҳои олимпӣ, ки 1,5 млрд доллар маблағ тахсис додаанд, аз он чӣ бо машъал рух медиҳад, хуш нахоҳанд буд. Repubblica изҳороти Гордон Броун, сарвазири Бритониё дар мавриди ширкат накардан дар маросими ифтитоҳи олимпиадаро як зарбаи дигар ба Пекин унвон кардааст.

Tagesspiegel нашрияи олмонӣ менависад, Жак Рогге, сарвари Кумитаи байнулмилалии олимпӣ бояд дар Пекин иди варзишӣ созмон медод, на масъалаи Тибетро ҳал мекард. Нашрия овардааст, Кумитаи байнулмилалии олимпӣ дар оғоз мекӯшид репрессияҳои Тибетро нодида гирад, аммо вақте маҷбур шуд ба ҳалли сулҳомези қазия даъват кард. Кумита набояд ба Пекин иҷоза диҳад ки рамзҳои олимпиро барои тарғиби изҳороти сиёсиаш истифода кунад, балки онҳоро ҳифз кунад.

New York Times нашрияи амрикоӣ ба мавзӯъи бӯҳрони ҷаҳонии ғизоъ пардохта навиштааст, оилаҳои Амрико барои ғизоъ 16 дарсади буҷаи олилаашонро харҷ мекунанд, дар ҳоле ки ин рақам дар Нигерия 73, Ветнам – 65 ва дар Индонезия 50 дарсадро ташкил мекунад. Нашрия менависад, мавҷи ҷунбишҳо аз болоравии нархи ғизоъ аз Ҳаити то Миср расидааст ва аз қавли Роберт Зеллик, райиси Бонки ҷаҳонӣ меорад, дар ин замина эҳтимоли рух додани ноамниҳои иҷтимоӣ дар 33 кишвари дунё вуҷуд дорад, ки дар онҳо қисмати умдаи буҷаи хонаводаҳо барои ғизо сарф мешавад.