Додгоҳи олии Тоҷикистон як бозраси раёсати вижаи Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ин кишварро бо иттиҳоми баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ба муддати 7 сол аз озодӣ маҳрум кард.
Додситонии кулли Тоҷикистон Файзалӣ Аминов бозраси аршади раёсати мубориза бо ҷароими иқтисодии Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ин кишварро бар он муттаҳам кардааст, ки вай як шаҳрвандро бо истифода аз шиканҷа ва зӯр бар додани шаҳодати бардурӯғ водор намудааст.
Ин барои бори аввал аст, ки як корманди аршади Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо иттиҳоми аз ҳадди ваколати хидматӣ убур намудан маҳкум ба зиндон мешавад.
Мақомоти тафтишотии Тоҷикистон Файзалӣ Аминов, бозраси аршади раёсати мубориза бо ҷароими иқтисодии Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистонро, ба он муттаҳам мекунанд, ки вай бо истифода аз мақоми хидматӣ як сокини ноҳияи Қубодиёнро водор кардааст, ки зидди додраси додгоҳи ноҳия шаҳодат диҳад.
Бар асоси маълумоти мақомоти тафтишот, оқои Аминов барои таҳқиқи шикояте, ки додраси додгоҳи ноҳияро ба ришватситонӣ бар ивази раҳоии як нафар гумонбар дар ҷиноят муттаҳам мекард, аз Душанбе ба ноҳияи Қубодиён сафари хидматӣ анҷом медиҳад. Нафароне, ки гӯиё бар ивази маблағ падари худро аз додгоҳ раҳонида бошанд, мавҷудияти чунин ҳодисаро рад мекунанд.
Бозраси Ожонсӣ яке аз онҳоро аз саҳар то бегоҳи рӯз ва бо таҳдиду зӯрӣ маҷбур мекунад, ки алайҳи додрас шаҳодати бардурӯғ диҳад. Вале вақте шавҳари ин хонум аз бозрас тақозои иҷозаи хонумаш ва нодуруст будани амали ӯро ёдрас мекунад, зери зарба ва шиканҷаи корманди Ожонсӣ қарор мегирад. Дар натиҷа ин кас ҷароҳатҳои ҷисмонӣ мебардорад.
Аммо қазияи истифода аз зӯр ва шиканҷа аз сӯи ходимони мақомоти интизомии Тоҷикистон барои гирифтан ва ё тасдиқ кардани маълумоти бадастомада ҳодисаи нав нест. Мудофиъони ҳуқуқи башар ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқ борҳо ин паҳлуи фаъъолияти мақомоти интизомии Тоҷикистонро мавриди интиқод қарор додаанд.
Қаҳрамон Сангинов, як масъули Дафтари ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон, мегӯяд шикоёти зиёди шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки пайвандони онҳо дар пайи таҳдид ва зарбу шиканҷа водор ба «иқрор»-и ҳатто гуноҳи накарда шудаанд, дар даст доштаанд.
Файзалӣ Аминов, бозраси аршади Раёсати мубориза бо ҷароими иқтисодии Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки то замони қироати ҳукм ба ҳабси муқаддамотӣ гирифтор нашуда вале ҳуқуқи тарки маҳалли зистро надошт, дар толори додгоҳ ба ҳабс гирифта шуд.